ХАБАРИ ДОҒ

Прокуратураи н.Хуросон мақолаи «Бо дуди оҳак мардумро куштаниянд?» (СССР, №28(409), 14.07.2016)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Воқеан, дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъа танӯрҳо оҳакпазӣ мавҷуд аст, аммо на ҳамаи онҳо фаъоланд. Танӯрҳо қабл аз бунёд шудани хонаҳои истиқоматии атрофи он кор карда, асосан дар атрофии онҳо шаҳрвандоне зиндагӣ доранд, ки пешаи онҳо оҳакпазист. Бо вуҷуди ин, бо кулли роҳбарони танурҳои оҳакпазӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Онҳо гуфтанд, барои баровардани танурҳои оҳакпазӣ аз деҳа унвонии раиси ноҳия аризаи хаттии дастаҷамъона пешниҳод карда, дар талу теппаҳои деҳаи Хумдон ва берун аз деҳа мақсад доранд танурҳои нав кушоянд. Ҳамзамон 1 қисми роҳбарони ин танӯрҳо дар суҳбат гуфтанд, ки дар танӯрҳо сангҳои сафед дар ҳолати пазиш қарор дошта, баъди гирифтани корро қатъ хоҳанд кард. Ваҷҳи дигари мақола дар хусуси он, ки гӯё дар танӯрҳои оҳакпазӣ ноболиғон кор ва фаъолият мекунанд, зимни санҷиш тасдиқи худро наёфт.

Сангакзода Ғ.Х.

прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter