ХАБАРИ ДОҒ

«Истиқлол» зидди тозагӣ нест!

  • Ҷумъа, Сен 16 2016

Дар газетаи СССР (№34 (415), 25.08.2016) матлабе бо номи «Истиқлол» зидди тозагист?!» чоп шуд, ки оид ба партовҳои берун аз саҳни маҷмаа сухан меравад. Роҳбарияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» масъаларо сари вақт омӯхт. Воқеан аз назди даромадгоҳи пеши маҷмаа дарёчае мегузарад, ки дар он партовҳо зиёданд. Дар ин муддат ба хотири тоза кардани дарёча аз партовҳо маъмурияти маҷмаа дар назди дарёча панҷара гузошт. Баъди гузоштани панҷара ҳамаи партовҳо, ки аз бозори «Султони Кабир» сарчашма мегирифтанд, дар назди панҷараҳо ҷамъ мешаванд. Муаллифи матлаб Раҳматуллои Рамазон оид ба вазъ огоҳӣ надошта ин матлабро насанҷида ба рӯзнома барои нашр пешниҳод кардааст. Ҳол он ки партовҳо аз дохили бозор партофта мешаванд ва бояд сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Фирдавсӣ ва масъулони бозори «Султони Кабир» онро тоза намоянд. Новобаста аз он, ки иншооти обгузари мазкур дар тавозуни маҷмаа дохил нест, аммо охири ҳар ҳафта аз тарафи кормандони маҷмаа шанбегӣ ташкил шуда, дохил ва атрофи дарёча тоза карда мешавад. Хуб мешуд, пеш аз чопи ин гуна матлабҳо масъаларо ҳамаҷониба омӯхта маълумоти саҳеҳу дуруст ба хонандагонатон пешкаш мекардед. Маъмурияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» зарур мешуморад, нисбат ба матлаби Р.Рамазон, ки ба нуфузи муассиса хисорот ворид кардааст, ба суд муроҷиат намояд.

Қурбонов К.М., директор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter