Бо боварӣ метавон гуфт, ки мақолаи чопшуда на аз ҷиҳати мазмун ва на аз ҷиҳати таҳлилӣ ягон асоси воқеӣ надорад. Муаллиф гуфтааст, «Ё вақте мебинам, ки раиси н.Балҷувон ҳеҷ парвои мардумро надораду нашрияҳои давриро варақ намезанад, парвое аз фармони 622 надорад, ҳайрон мемонам…». Вақте дар бораи раиси ноҳия сухан меронӣ, дониста бош, ки ӯ намояндаи Президент дар маҳал аст ва шахси мансабдори давлатист. Ин маънои онро дорад, ки шахси дар борааш сухан мекардаи шумо бо ҳазорон заҳмату фидокориҳо ва фаъолияти поквиҷдононаю софдилона ба боварии Ҷаноби Олӣ шарафёб шудааст ва ӯро раиси ноҳия таъин намудаанд. Ҳар ҳафта вақте, ки шуъбаи алоқа рӯзномаҳоро ба дасти раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳ ва шуъбаю бахшҳою ташкилотҳо мерасонад, ҳамаи мо дарҳол ба хондани он шурӯъ менамоем. Чунки медонем, баъд аз 1-2 соат раиси ноҳия ба мо аз дохили тамоми нашрияҳои даврӣ саволҳо медиҳанд ва муайян мекунанд, ки мо рӯзномаҳоро хондаем, ё не. Ин яке аз усулҳои асосии роҳбарии Зоирзода Маърифат аст. Агар дар баробари чопи мушкилот заррае аз заҳматҳои шабонарӯзии Зоирзода ёдовар мешудӣ, мо мутмаин мегаштем, ки мақолаи шумо таҳлилист ва аз қалб садо додааст. Вале афсӯс, ки ин масъала тамоман, аз мадди назари шумо дур мондааст. Махсусан дар самти барқарорсозии роҳе, ки шумо тай кардани онро ба пиёда роҳ рафтани 1 кӯҳ шабоҳат додаед, бевосита бо дастгирии раиси ноҳия кушода шудааст, то рафтуомади шаҳрвандони н.Ховалинг тавассути н.Балҷувон таъмин шавад. Ҳамасола аз ҳисоби баланд шудани сатҳи дарёи Ховалинг, ки шумо ҳатто номи дарёро дарҷ накардаед ва ёфтани ин номро барои худ заҳмат ҳисобидаед, дар фасли баҳор хароб мегашт ва рафтуомад то пастшавии сатҳи оби дарё бо мошинҳои сабукрав қатъ мешуд. Хушбахтона, аз раиси ноҳия таъин шудани Зоирзода давоми 2 мавсими баҳор аст, ки роҳи мазкур баста намешавад.
Ш.Тӯрахонов, роҳбари Дастгоҳи раиси н.Балҷувон






