ХАБАРИ ДОҒ

Ниҳонӣ ва Тараннуми Роғун

  • Чоршанбе, Нояб 28 2018

Маҷмӯаи шеърҳои тозаэҷоди Ниҳонӣ таҳти унвони «Муқаддасоти об» муштамил бар 9 шеър буда, мушаххасан ашъори таҳти ановини «Иқдоми Пешво», «Барномаи об», «Муқаддасоти об», «Муъҷизаи аср», «НОБ-и Роғун», «Нури Роғун», «Роғун чароғон шуд», «Фалаки Роғун» ва «Иқтидори Роғун»-ро фаро гирифтааст. Ростӣ, шеърҳои таркиби маҷмӯа 2 муъҷизаи тақаддус об-рӯшноӣ ва нақши ин 2 муқаддасот дар олами ҳастӣ ва тасаввурнопазирии мавҷудот бидуни ин 2 навъи эъҷоз ва хоссатан ҳаёти инсонӣ дар муносибот бо ин 2 эъҷозро фаро гирифтаанд, ки басо самимӣ, табиӣ, дилсӯзона ва маҳсусу мушаххас эҷод шудаанд. Бояд як нуктаро хотиррасон кард, ки ин иқдомот дар ибтидои солҳои 1960 низ дар каломи ҳунарии манзуму мансур дар мисоли НОБ-и Норак бо як шӯру валвала ворид шуда буд, вале қадршиносии он, расидан ба гиромидошти ин неъматҳои бебаҳо-об ва рӯшноӣ дар он рӯзгорон аз қаламрави ҷумҳурӣ болотар нарафта буд. Зеро рӯи ҳастӣ наомадани симои абарқудрати сиёсии миллӣ, ки роҳнамо дар ҳар ҷода бошад, асоси қафомондагӣ буд. Ҳол он ки шароиту имконоти мавҷуда барои пешрафти кишвар бештар буд.

Ҳодии Роғун
Аз ин рӯ, ҳадафи эҷодкор дар оғози маҷмӯаи мазкур ҷой додани шеъри «Иқдоми Пешво», ба назари мо, маҳз дар ҳамин аст, ки бидуни ҳодӣ, роҳбалад пешрафти миллату давлати миллӣ номумкин аст. Маҳз аз ҳамин сабаб, Ниҳонӣ дар банди аввал ё худ оғозини шеъри «Иқдоми Пешво» басо ҳиссӣ ва огоҳона муҳокимаи манзум мекунад, ки чӣ гуна ин суннатҳои устувори адабӣ-ҳаётӣ аз мо буду вале комилан дар ихтиёрдории мо дигархелтар маърифат мешуд. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд, ки чӣ гуна ин падида ба баландтарин минбари ҷаҳонӣ бурда шуд ва чӣ гуна он боиси таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифт. Магар ин нақши шахсияти абарқудрати сиёсии миллӣ нест? Аз ин рӯ, шоир мегӯяд:
Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад
Ва об аз қуллаи Боми Ҷаҳон сарчашма мегирад.
Ҳаёту об пайванданду андар Созмони даҳр,
Зи фазли Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.
Аз сӯи дигар, ин худ гувоҳ аст, ки дар маҷмӯа тавассути ашъори басо дарунмояи пурғановатдошта, эҷодкор чанд саҳифаи тозаи корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба халқ дар шакли каломи ҳунарӣ пешниҳод созад. Дар корномаи Пешво танҳо фикри пешрафту ободии дохили кишвар нест, балки беш аз он, андешаи минтақа ва башар аст, ки ин аз гуманизми сиёсии олии миллӣ дарак медиҳад:
Дигар барнома бошад «Баҳри ҳифзи об ҳамкорӣ»,
Зи обу НОБ-и мо набвад зарар, ояд фақат ёрӣ.
Ҳаме иқдоми некат буд аз ин барномаи сабзат:
Кунад Кӯли Сарези мо ба беобон мададгорӣ.

Пешвои Роғун
Шеъри навбатии маҷмӯаи мазкур «НОБ-и Роғун» унвонгузорӣ шудааст, ки мантиқан гӯё давоми шеъри қаблӣ-«Муъҷизаи аср» буда, дар ин шеър ширкати бевоситаи Пешвои миллат дар номусгоҳи миллӣ мавриди тасвир қарор дода шудааст. Дар шеъри «Роғун чароғон шуд» ормони миллӣ будани Роғун боз тақвияти ҷиддитар меёбад ва Роғун-ҷузъ ва мамлакат-кулл тасвири қиёсиро тавлид мекунад ва муҳим он аст, ки НОБ-ҳои дигари қаламрави мамлакат дар симои Роғун марҳалаи нави рушди иқтисодиёти миллӣ маърифат карда мешавад. Маҳз бо ҳамин сабаб, нақши комилан созандагию бунёдкории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баробари ба фаъолият оғоз намудани НОБ-и Роғун ба марҳалаи тозаи таърихӣ воридшавии кишвар дар байти василаи шеъри мазкур басо ҷолибу ҷаззоб ба тасвир омадааст, ки он баъди ҳар банд барои таъкиди ҳадаф оварда мешавад ва ҳатто ин байти васила матлаи банди аввали шеъри мазкур аст. Чунончи:
Роғун чу фурӯзон шуд, ин мулк чароғон шуд,
Бо сарвару бо азмаш, бо шафқати Яздон шуд.
Дигар аз шеърҳои таркибии силсила шеъри «Фалаки Роғун» аст, ки нигоҳи тозаи эҷодкор ба фарҳанги боғановати шифоҳии миллӣ аст ва он бо теъдоди 4 рубоӣ тарҳрезӣ шудааст. Ватандорон-ҷоннисорони Ватананд, ки онро дар баҳои ҷон ободу зебо, шуҳратёру пуранвор кардаанд ва хоҳанд кард. Аз ин рӯ, мавзӯю муҳтавои фалаки муосир, дарунмояи он билкулл дигар шудааст. Манзури мо ин аст, ки бунёди мундариҷавии фалаки муосир дар сурудаҳои мазкури Ниҳонӣ танҳо аз шукру сипос фароҳам омадаанд.
Дидам фалако, Роғун дурахшон гаштаст,
Дар ҳар хона барқ фурӯзон гаштаст.
Аз ҳиммату аз заҳмати Пешво, бингар,
Равшан шаби тори Тоҷикистон гаштаст.

Қудрати Роғун
Шеъри дигари силсилаи ашъори Ниҳонӣ «Иқтидори Роғун» унвон дорад, ки онро метавон маромномаи миллии халқи тоҷик ва умуман мардумони Тоҷикистон гуфт, зеро ин ҳадафнома ё маромнома муштамили 9 байт буда, ҳанӯз дар байти аввали шеър Роғун ҳамчун иншооти азимтарин муъҷиза маърифат карда мешавад: «Гашт Роғун ҳамчунон муъҷизаи рӯи ҷаҳон» ва ҷои дигар ба таъбири Ниҳонӣ он-«Мардумонро орзу бунёди Роғун буд беш» аст. Ниҳонӣ НОБ-и Роғунро дар маҷмӯъ амнияти ҳаматарафаи иқтисодиёти кишвар қазоват мекунад, ки комилан таманнои наҷиб аст. Маҷмӯаи «Муқаддасоти об» бо шеъри «Иқтидори Роғун» ҳусни анҷом ёфта, рамзи ҷолиб бо манзури ҷойгиркунии шеърҳоро дорад. Зеро ҳадаф аз сохтани ин муъҷиза ҳосил кардани нуру зиёст ва аз ин рӯ, шеъри мазкур дар интиҳои маҷмӯа ҷой дода шудааст, ки аҳдофи ғоявии ниҳоят ҷолибу матлубро дорост, барои он ки:
Гашт Роғун ҳамчунон муъҷизаи рӯи ҷаҳон,
Иқтидоре нест мислаш дар ягон давру замон.

А.Маҳмадаминов, М.Солеҳов
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter