Банда дар соҳаи мактабу маориф 60 соли ҳаётамро сарф кардаам. Аз он хурсандам, ки нисфи сокинони зодгоҳам имрӯз маро устоди худ медонанд ва ҳурматамро ба ҷо меоранд. Соҳиби оилаи обод ва фарзандони солеҳ буда, набераву аберадор мебошам. 4 фарзандам ва 7 набераам маълумоти олӣ дошта, имрӯз барои гул-гулшукуфии кишвар хизмат карда истодаанд.
Нафақаи хуб мегирам, шукр аз чизе камӣ надорам. Бо оилаам якҷоя собиқаи 102 солаи корӣ дорем, камина дар соҳаи маориф ва оилаам дар соҳаи тандурустӣ. Имрӯз шукри Худо, ки саломатиамон хуб аст, бо истиснои баъзе ноҷуриҳое, ки дар дигарҳо низ дида мешавад. Банда аз 1.09.2018 тарки мактабу маориф намудам, зеро дар ин давра на аз мактаб на аз маориф касе парвои мо пирони корро надорад. Афсӯс!
Ба газетаву маҷаллаҳои даврӣ мукотиба дорам ва онҳоро мунтазам мутолиа мекунам. Ба воситаи онҳо аз навигариву хабарҳои ҷаҳон бохабарам. Ин ҷо мехоҳам аз вазирони маориф ва илму тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба баъзе саволҳоям ҷавоб гирам.
1.Бо собиқаи тӯлонии корӣ ману завҷаам имрӯз (ҳамчун собиқадорҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ) аз чӣ гуна имтиёзҳо бархӯрдорем?
2.Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат оиди зиёд намудани нафақаи пиронсолӣ чизе гуфта нашудааст. Оё дар соли 2022 нафақаи ин категорияҳо зиёд мешавад ё не?
Шумораи зиёди нафақахӯрони деҳаи мо ҷавоби аниқи ин саволҳоро дар саҳифаи газетаи мардумӣ интизоранд.
Шарифҷон Раҳимзода,
деҳаи Арал, ноҳияи А.Ҷомӣ






