
Эй сабо, аз ман ба Исмоили қурбонӣ бигӯ,
Зинда баргаштан зи кӯи Ёр фарзи ишқ нест!!!
Дар фазилати Иди Қурбон онгуна гуфтаанду мегӯянду боз хоҳанд гуфт, ки ин ҷо чизе афзудану кам кардан намебитвон. Вале парадокс ин аст, ки ҳар мусалмон дар арафаи Иди Қурбон мехоҳад ягон чизи нав бишнавад. Ҳол он ки мардум бояд 1 чиро дарк кунад, ки дин ва оинҳои мазҳабӣ догмаанд. Такроршаванда ва тағйирнаёбанда. То соате, ки мо ин ҳақиқати кӯчакро дарк накунем, аз паси ину он до…и после…муллоҳо рафтан мегирему мегирем ва ба доми терорризму экстремизми евро-евреӣ меафтем.
Хуб, ун ҳама даъвову дағои муллоҳост. Аммо маро ба навишти ин сутур сухангӯии 1 олими дунявӣ, дар арафаи Иди Қурбони дирӯза, таҳрик дод. Ин олим (унвон бе қавсайн аст, зеро офитсиоз онро дорад охир!) Идгардаки кӯдаконро қариб ҷинояти антибашарӣ мехонд ва далел меовард, ки «идгардаки атфол дар оянда онҳоро ба кӯи гадоиву талбандагӣ мекашад».
Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ ҳамин олим дигар кор надорад? Ин олим ё чизеро намедонад ва ё дониста аз сиёсати антимазҳабии мо пуштигирӣ мекунад. Зеро ин шодихӯрдагони салафияву ваҳҳобияанд, ки мутаассуф дар бархе маврид ба ҳукумат, донишпажӯҳишгоҳҳо, суфуфи уламо ва майнаи сари мо чун морони Заҳҳок даромадан доранд. Борҳо гуфтаву боз мегӯям, аксарияти маросиме, ки Танзим манъ кардааст, корест, ки салафияву ваҳҳобия кардан мехост! 3-бегаҳина, 7, 40, сол дуруст аст, ки аз Ислом нестанд. Вале дар оини Ориёи аҳди Қадим ҷорӣ буданд ва Ислом зидди онҳо натанҳо набуд, ки истиқбол кард аз онҳо. Дуову фотиҳа, қурбонӣ, худоӣ, қуръонхонӣ бар ин тарсим фузуд ва олам гулистон гардид.
Парадокс: Касе фаромӯш кардааст, ёдовар мешавем, ки маҳз барои манъи ҳамин оин дар соли 1989-90 низоъ бархест, ки бо ҷанг хатм шуд.
«Дальше-больше!»-гуфти халқи кабир. Имрӯз ана ҳамин салафия идгардакро манъ карданист. Ба фарқ аз ин олимҳои навбаромад, ман бо факт гап мезанам:
-шумо дар Душанбеи азиз, Кӯлоби ҷонон, Хуҷанди бостон ва Раштонзамини ростон 1 салафиро ёфта метавонед, ки рӯзи Иди Қурбон сари гӯри падараш рафта дуо кунад? Ва ё фотиҳа хондаву сари дастурхон даст ба рӯй кашад? Ва ё 4 сақич ба атфол идона диҳад? На-ме-ё-бед!!!
Ва ана ҳамин профессоре, ки бе факту далел Идгардакро макрӯҳ баровард, шодихӯрдаи ана ҳамон ваҳҳобия асту бас! Вале аҷиб онест, ки ӯ тавассути ТВ давлатӣ баромад мекард ва журналист алтернативаи фикри ӯро дар ин навор намекишт!!! Яъне чӣ? Идеологияи антимазҳабии мо дар ТВ дасти тасаллут дорад? Агар не, пас чаро фикру андешаи 1 рӯҳонии пуштигири мазҳаби Имоми Аъзам, ки мо давлати худро пайгири он медонем, дар ин барнома садо надод?
Дар ҷамъ, ин олим 1 далел дошт: гӯиё атфоле, ки ба идгардак мебароянд, хӯю хислати лӯлӣ мегиранд. Ба забони омм «ҷӯгӣ-гарист идгардак». 100 бор ин олим номаъқул кардааст. Зеро ин «недоуч» миллионҳо-миллион Тоҷику ӯзбеки мавзеъи ҷануби кишварро таҳқир кард!!!
Чунки дар марказ ва ҷануби Тоҷикистони азиз, ҳатто тӯли 70 соли шӯравии атеистӣ низ, ин оин роиҷ буд. Яъне атфол ба идгардак мебаромаду дари хонаи мардумро кӯфта мегуфт:
Алӣ шариф муборак,
Тухмо ба кали ёрак.
Иди моро биоред,
Иди шумо муборак!!!
Ва дар ин миён номи чанд нафарро, ин олим, чун мадрак оварда метавонад, ки бузург шудаву гадову талбандаву лӯлӣ шудаанд? Ва ё дар маҳаллае, ки ин олим ба сар мебарад, бинад, чанд гадову талбанда аст ва пурсад, ки оё онҳо дар кӯдакӣ чун атфоли ҷанубу марказ идгардак карда ба ин сатҳ фаромадаанд ва ё фақру бенавоӣ ва маразу касалмандӣ онҳоро ба ин кӯча афганда?
Айб аст. Шарм аст. Ай-яй-яй аст-гуфти 1 сиёсатшиноси маъруф, вақте олим, донишманд, профессор дар сатҳи зерфарш (плинтус) андешаронӣ мекунаду миллион нафарро бе факту далел ҳақорат медиҳад!
Ман 200% бовар дорам, тамомии давлатмардони давлатсози мо дар кӯдакӣ идгардак кардаанд! Ман 500% бовар дорам, ягон Тоҷик лӯлӣ нашудааст! Ман 1000% бар боварам, ки низ 1 тоҷик баъди идгардаки рӯзи 20.07.2021 ҷӯгӣ намешавад!!! Ва агар ин олим факт орад, ки зертаъсири маросими идгардак атфоли тоҷик ҷӯгӣ гаштаанд, ин ҷо бикорад ва ман аз ин донишманд расман узр мепурсам. Вале то ин фактро надорад, бояд ҳамон расонае, ки ба ин олим минбар додааст, расман аз Миллати Шарифи Тоҷик узр пурсад!
Ман борҳо гуфтаам ва боз мегӯям бо фанатизм, экстремизм, терроризм бо секуляризм намешавад ҳарб кард. Ва агар ин кор муяссар мешуд, ҳамон давлати СССР-ро пирӯз мекард. Вале минбарро аз олимони фиқҳи ҳанафӣ поккорӣ кардан ба маъное нест, ки онро, яъне минбарро, ба дасти салафиҳои галстукдор диҳем:
Чу минбар ба тахт баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Умар шавад!!!
Ҳушдори ман нест. Аз Фирдавсист. Вале ин ҳамакнун классика аст. Мавзуъи дигар. Ман танҳо инро гуфтаниям, ки ба ҳар тасодуфие минбар надиҳед ва агар медиҳе(м)д назари алтернативиро низ бараш коред. Ҳар нафаре мехоҳад атфолро аз идгардак маҳрум кунад, номаъқулро 100 бор мекунад. Моро намешавад манъ карда! Зеро мо дар мазҳаби бобоёнем ва Мо Метавонем!





