
Ҷумабой Яҳёев, хонанда ҳамешагии газетаи мардумии СССР аз н. Деваштич бо идора тамос гирифта (тел: 92 888 75 06) дар мавриди боло шудани нафақа ва маоши кормандони буҷавӣ чунин назар кард:
- Президенти ҶТ дар паёми навбатии худ, ки моҳи декабри соли 2019 ироа шуда буд, ба ҳукумат дастур дод, ки музди меҳнати коргарону хизматчиён нисбатан 10-15 % баланд карда шавад. Вале қисми аз ҳама осебпазири ҷомеа маъюбон ва махсусан маъюбони гурӯҳи 1, то 50 % баланд бардошта шавад. Мутаассифона, музди гурӯҳи номбурда ҳамагӣ дар моҳи сентябри соли 2020, 8-10 % зиёд карда шуду халос, ки ин ниҳоят ночиз буд.
Шояд инро дар ҳукумат дарк карда бошанд, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти ҶТ 28.05.2021 фармони нави Президенти кишвар ба тасвиб расиду мувофиқи он нафақаи маъюбони гурӯҳи 1-ум 20 % зиёд карда шуд. Яъне, хатои қаблӣ ислоҳ гардид, аммо чаро соли гузашта зимни боло бардоштани нафақа ба чунин хато роҳ дода шуд? Кӣ посух мегӯяд?





