Маҳбуба Яҳёзод, сокини шаҳраки Сомониёни н.Рӯдакӣ ба идора занг зада (тел: 93 555 55 56) аз набудани барқу об дар маҳалли зисташон шикоят кард.
- 2 ҳафтаи охир вазъамон хеле бад шудааст-ҳар рӯз қувваи барқро бе огоҳӣ 5-6 соат хомӯш мекунанду об ҳам қатъ мешавад. Ҳаво гарм аст, дар чунин вазъ набудани барқ кори яхдонҳоро хароб мекунад, чӣ қадар маҳсулоту хӯрок вайрон шуда истодааст. Ба идораҳои масъул занг занӣ, дағалона суҳбат мекунанд. Гӯиё мо муштариҳое, ки барои обу барқи истифодашуда пул месупорем, аз онҳо қарздор бошем. Агар корҳои профилактикӣ бошад, чаро қаблан огоҳ намекунанд? Лоақал об захира кунем!?
Аз редаксия: - Хонандаи муҳтарам! Тавре Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ рӯзи 12.07.2021 зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ин мушкилот дар баъзе ноҳияҳои мамлакат ҷой дошта, сабабаш гузаронидани корҳои профилактикӣ дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави тирамоҳу зимистон мебошад.





