Расо 22 сол пеш, дар ҳамин шабу рӯз, наҳзатиён журналисти тавоно ва ҷасури Тоҷик Ҷумъахон Ҳотамиро ба таври ваҳшиёна куштанду имрӯз дар Аврупо доди демократия ва озодбаёнӣ мезананд. Воқеан ҳам маҳз ҳамун кушторҳост, ки журналисти профессионале бо ишон намепайвандаду 1 голубойро сухангӯй ва 1 ҳизро «журналист» мехонанд…
Бародарбузурги худораҳматиям Ҷумъахонро ба хотир меораму хотироти ғамбори пур аз дарду оҳам маро ба кӯҳистон мебарад. Замони навхатии ӯ ва кӯдакии ман, ки пур аз орзуҳои ширин буданд, пеши назарам ҷилвагар мегарданд. Давраҳои донишҷӯияш дар факултети шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ҳар гоҳе, ки ба қишлоқ меомад, бо худ дар ҷомадони калон китоб меовард. Шояд шумо ҳоло боварам накунед, аммо хонаи мо барои аҳли деҳа китобхона буд. Он вақт одамони китобдӯсту китобхон ҳам хеле зиёд буданд ва ҳар яке омада, китоби дилхоҳашро мегирифту мерафт ва пас аз хонданаш боз бармегардонд. Давраҳои мактабхониям китобдораш ман будам. Аммо дар ягон варақу ягон дафтар ҳеҷ вақт қайд намекардам, ки кадом китобро кадоме аз ҳамдеҳагон барои хондан бурдааст. Зеро ӯ иҷозат намедод ва таъкид мекард, ки “Каси ба китобхонӣ шавқ дошта, дурӯғ намегӯяд!”. Бо ин рафтораш ба ман ва ба бачаҳои ҳамсол дарси ҳақиқату ростиро меомӯхт.
Беҳтарин арабидон
Ҷумъахон Ҳотамӣ 31 августи соли 1957 дар ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадааст. Соли 1974 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, соли 1980 онро бомуваффақият хатм кард. Мутахассиси забони арабӣ буд. Замони донишҷӯ бадан худам аз муаллимони ин факулта Комил Мусофиров ва Ситам Раҳимов чандин маротиба шунидаам, ки “Ҷумъахон яке аз беҳтарин донандагони забони арабӣ буд!”. Дар кишварҳои Ироқ, Либия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон адои вазифа намуда, фикр мекунам, омили асосии ба сиёсат рӯ овардан ва ба муборизаи беамон бар зидди ифротгароёни исломӣ бархостани ӯ, маҳз 2 соли хизматаш дар ҳамсоякишвари Афғонистон (с.1987-1989) гашт. Зеро, ӯ дар Афғонистон шоҳиди бевоситаи харобсозиву сияҳкорӣ, табаҳсозиву вайронкорӣ, куштору ғорат, хонасӯзиву ваҳшонияти ин гурӯҳи ҷоҳил гашта, аз ҳадафу мақсадҳои нопокашон ба хубӣ огаҳӣ пайдо карда буд.
1 хотираи фаромӯшношуданӣ
Аввали баҳори соли 1990. Баъди ҳаводиси хунини моҳи феврал. Бародарбузургам, ки ҳамагӣ чанде қабл аз Афғонистон омада буд, дар ҳунаристони № 52 пойтахт ба ҳайси муовини директор оид ба қисмати таълимӣ фаъолият дошт ва дар газетаи “Нидои ранҷбар”-и Ҳизби коммунист пайваста матлабҳояш нашр мешуданд. Он солҳо аз Душанбе ба Кӯлоб самолиётҳои Ан-2 ва гоҳе Як-40 парвоз мекард. 1 субҳ мо дукаса дар мошини Ҷумъахон модарамро ба фурудгоҳ мебурдем, то ба Кӯлоб гусел кунем. Вақтҳои охир ба воситаи телефони хонагӣ баъзан ба бародарам таҳдидҳо мешуд, ки ҳатто модарам низ аз онҳо огоҳ буд. Дар хамгашти фурудгоҳ 3 каси бадҳайбати ришдароз пеши роҳамонро гирифта, талаб карданд, ки бародарам аз мошин берун шавад. Ҷумъахон мошинро нигоҳ дошта берун шуд. Ман низ баробараш фаромадам. Бечора модарам аз ваҷоҳати ин ришдарозони бадҳайбат сахт тарсида буд, ки дастонаш меларзиданд. Аз ришдарозон якаш, ки ба гумонам сардорашон буд, ба таҳдид гузашт: “Туро хуб мешиносам! Медонам, ки коммунист ҳастӣ. Сабр кун, ҳоло ҳукуматро бигирем, мебинем ки аҳволи шумо чӣ мешавад.” Бародарам, бе оне ки ҳарфе бигӯяд, ончунон торсакии обдоре ба бехи гӯши ришакӣ фаровард, ки он “ҳукуматгир” канори роҳ дароз кашид. Дуи дигараш гурехтанд. Ҷумъахон гӯё воқеае рух надода бошад, оромона ба мошин нишаст ва муҳаррики онро ба кор даровард. Модарам, ки дар курси пушт менишаст, дастонашро ба китфи бародарам гузошта, ҳатто ба зорӣ гуфт: “Бачам, аз роҳат гард! Дидӣ ин лаънатиҳо чи хел бадҳайбату хунхоранд?!”
Ҷумъахон бо ҳамон табиати зотие, ки дошт, бо табассуми ба худаш зебанда гуфт: “Ҳеҷ гап намешавад, очаҷон! Аз дасти инҳо бало намеояд, аммо хеле хатарноканд. Ман то ҷон дар бадан дорам, бар муқобили ин худозадаҳо мубориза мебарам!” Модарам, ки хую хислати фарзандашро хуб медонист, дигар чизе нагуфт. Фақат, зери лаб чи дуоеро хонда: “Худо нигаҳбонат бошад, бачам!”- гуфта, бо нӯги докаи сафедаш оби чашмонашро пок карда монд. Ҷумъахон низ то охирин дами ҳаёташ ба гапи гуфтаи худ подабҷо истод”.
Соҳибватан
Ҳотамӣ дастпарвари мактаби замони шӯравӣ буд ва мисли аксари дигар ҳамсолонаш таҳти таъсири идеологияи ин мактаб бузург шуда, ба Ҳукумати шӯравӣ ва ғояҳои инсонпарваронаи он эҳтироми вежа дошт. Кизбу дурӯғу риёву тӯҳмату иғворо намеписандид. Ҳамеша омода буд, ки бар муқобили хурдтарин беадолативу ноҳақӣ садо баланд кунад. Ҷони худро ба хатар мегузошт, аммо талош мекард, ки ҳақиқат тантана кунад ва ҳақ ба соҳибаш бирасад. Бародарбузургам бештар аз 7 соли умри кӯтоҳи худро дар сафарҳо дар давлатҳои хорҷӣ гузаронида буд. Ӯ ҳар куҷое буд, меомӯхт, хулоса мебаровард ва ба муаммоҳои сарбаста ҷавобҳо меҷуст. Сафарҳои пайдарҳами дуру дароз, минтақаву фарҳанг ва сохти гуногун, миллатҳои аз ҷиҳати инкишоф дар сатҳи мухталиф қарордошта, Ҳотамиро ба сафире, сиёсатмадоре, тадқиқгаре табдил доданд. Байни ҳамкорону ҳамхизматон соҳиби эҳтироми вежа буд. Дар ҳалли бисёре аз масоили пайдогашта, маҳз ӯ машваратчии асосӣ ба ҳисоб мерафт. Волии вилоятҳои Ҳироту Ғӯр ва Бодғиси Афғонистон оғои Файз Аҳмади Холиқёр, ки баъдтар Сарвазири Афғонистон таъин шуд, ба Ҷумъахон эҳтироми зиёд дошт. Қумандони ливои 4 қувваи сарҳадии Афғонистон, генерали шаҳид Муъмин, ки худ низ ҷавони шердилу поктинат ва содиқу худфидо буд, бо Ҷумъахон риштаи дӯстӣ дошта, ӯро бародарвор эҳтиром мекард.
Якрӯ ва ҳақгӯ
Баробари аз ҷониби асолатбохтагони наҳзатӣ шурӯъ гаштани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба харбокориҳои гӯшношунид даст задани онҳо, ӯ пурра вориди майдони мубориза шуд. Зеро Ҷумъахон ҷасорату шуҷоати мардонагӣ ва ҳисси баланди Ватандӯстӣ дошт. Имрӯз баромадҳои ӯро тавассути садову симо ва нашрияву маҷаллаҳо ба хотир оварда, ба масале “бадани кас мурғак медамад” ва бори дигар ба далериву шуҷоати он ҳама ҷавонмардоне, ки дар ҳифзи Ватан ва барои суботи кишвар ҷонфидоиҳо кардаанд, аҳсан мехонад. Ӯ дар лаҳзаҳое, ки ҳазорон наҳзатии ақлбохтаи сар то ба по мусаллаҳ, дар паи ҷисман нест карданаш буд, аз гуфтани сухани ҳақ намеҳаросид. Ман имрӯз ҳайрони онам, ки чаро дар ТВҳо, дар радиоҳо, дар газетаву маҷҷалаҳоямон дигар чунин журналистонро надорем?!
Ҳамасола бошад, аз буҷаи Ҳукумат миллионҳо сомонӣ барои нигаҳдошт ва роҳандозии фаъолияташон ҷудо мегардад. Мутаассифона, набудани ҳотамиҳо дар ВАО-и имрӯзӣ, майдони баҳсҳои иттилоотиро барои гурӯҳҳои ифротӣ фарохтар намудаст.
Дар ёд дорам, ки баъди аз байн бурдани бародарбузургам Вазири вақти ВКД ҶТ, марди ҷонфидои миллат Ҳомиддин Шарипов гуфта буд: “Ҳотамӣ бо 1 камераи шикаста кореро анҷом медод, ки 1 киносутудия аз анҷом доданаш оҷиз меомад”. Имрӯз илова мекунам: Ҳотамӣ бо 1 камераи шикаста коре мекард, ки имрӯз 10 ТВ бо тамомии дастгоҳҳои муосиру рақамӣ карда наметавонанд!
Анҷом
Ахиран, душманони наҳзатӣ чун роҳи дигари аз мубориза барканор намудани ӯро пайдо накарда, тарзи ноҷавонмардона, 4-уми июли соли 1999, бо нақшаи маккоронаи худ, ӯро ба қатл расониданд. Шахсан барои ман, қатли Ҷумъахон марги ҷасорати журналистикаи Тоҷик шуд. Зеро, бо ҳама эҳтироме, ки ба аҳли ВАО дорам, баъд аз Ҷумъахон дигар ҳеҷ дигареро ба мислаш ҳақталошу адолатхоҳу далеру шуҷоъ вонахӯрдам. Рӯҳаш шод ва манзили охираташ ободу пур аз нур бод!
Нуралӣ Хоркашев
Махсус барои СССР






