ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Ростӣ, дар бораи ҳунари Убайдулло Раҷаб, шинохтатарин актёри тоҷик, навиштан хеле мушкил будааст. Ин ман то иншои ин сутур фикр мекардам, ки чеҳраҳои шиносе чун Убайдуллои Раҷаб бояд худ амалан илҳом бошанду роҷеъ ба фаъолияташон гуфтану навиштан 2х2 аст.

Неъ! Маълум мешавад, дар бораи шахсияте, ки аз хурд то бузург мешиносанду эҳтиром қоиланду муҳимтар аз ин, дӯсташ медоранд, навиштан бакарат мушкил аст. Фарзи мисол дар бораи чеҳрае матлаб ангорӣ, ки камтар дар борааш аудитория огаҳӣ дорад, саҳлу осонтар аст. Зеро ту нафареро бояд ба мардум шиносонӣ, ки ҳаргиз намешинохтандаш. Вале шиноси дерина ва ошнои қаринаро чӣ гуна метавон бо осонӣ барои мардум муаррифӣ кард?

…Бо ин ҳама менависам! Зеро мо метавонем!

Нахустин ошноии ман бо ҳунарманд, агар хато накунам, дар солҳои 1979 ё 1980 рост омад. Он замон труппаҳои театрӣ аз марказ ба шаҳру деҳот, навоҳиву вилоёт сафарҳои ҳунарӣ, гастрол мекарданд. Ман, ки хонандаи мактаб будам, тавъам бо ҳамсинфон ба театри ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба намоиши (агар хато накунам) «Шаби гирифтани Моҳ»-и Мустой Карим Театри ба номи Лоҳутии пойтахт рафтем. Дар он спектакл Убайдулло Раҷабови ҷавон нақши навраси ноқисулақл-девонаро мебозид. То ҳанӯз дар гӯшам садояш ҳаст, ки мегуфт:

«Модарҷон, дуқ - дуқ равам ё чорхез?»…

Толор аз ханда рӯдакаф шуд. Ва ана аз ҳамон лаҳза баробари дидани чеҳраи гарму нуронӣ ва хеле мутафаккиронаву ҷиддии Убайдулло Раҷабов бар лаби ман табассум медамад…

Ман хато намекунам, агар гӯям, бо ҳунарманд ҳаргиз шинос набудам. 1 ё 2 бор сарироҳӣ вохӯрдаем. Вале ана ҳамон лаҳзаҳо кофист, то ман мушт бар сина кӯбам, ки Убайдулло Раҷабовро мешиносам. Замони авҷи шуҳрати ҳаҷвнигории Убайдуллои Раҷаб ба даврони донишҷӯии ман рост омад. Мутаассуф, ман берун аз Тоҷикистон таҳсил мекардаму ба ин консертҳо нарафтаам. Вале ман дар авохири солҳои 80- асри гузашта борҳо ба консертҳои бузургтарин ҳаҷвнигорони советӣ – Геннадий Хазанов, Евгений Петросян, Михаил Задорнов, моноспектаклҳои Армен Ҷигарханян ва дигар корифейҳои санъати монологӣ рафта будам. Зимнан, ҳайрати маро канор набуд, чун аз Петербург ба Душанбе таътил омадаву дар «оинаи нилгун» нахустин бенефиси Убайдулло Раҷабовро дидам!

Ба чашмонам бовар намекардам, ки дар Тоҷикистони советӣ, музофоти 1 империя чунин нобиғае арзи ҳастӣ кардааст!!!

УРБШДМ – таҳти ин аббревиатура консерти Раҷабов баргузор шуда буд ва мане, ки колоссҳои санъати сухан, хеопсҳои зиндаи жанри эстради шӯравиро дида будам, дарк кардам, ки ситораи рахшоне дар жанри «Театр барои 1 актёр» дар кишвари ман таваллуд шудааст. Бо масъулияти том мегӯям, ки Убайдулло Раҷаби ана ҳамон солҳо аз Петросяну Хазанов боло буду поин на!

Рӯиҳамрафта, агар умқан назар афканем, театри «Оина» («Зеркало»)-и Раҷабов, ки дар соли 1991 дар паҳнои шӯравӣ таваллуд шудаву фурор ба амал оварда буд, замимае ба ифтитоҳи театри «Кривое Зеркало»-и Евгений Ваганович Петросян гузошт!

Албатта, ҷамъияти тоҷикон, ки ба нобиғаҳои худ бо шубҳа менигарад, ба ин далели ман низ ҳатман шак меорад. Вале бовар кун, хонанда, ки дар даврони шӯравӣ, аксарият аз ҳамдигар меомӯхтанд ва шакке нест, ки театри «Кривое Зеркало» таматтуъ аз «Зеркало» ё худ театри «Оина»-и Раҷабов гирифта бошад. Зимнан, агар баръакс мебуду театри мазҳакавии Петросян қабл аз театри Раҷабов зуҳур мекард, моро Худо медод ва ҳатман ба ҳунарманд таъна мезадем, ки тақлид кардааст. Вале ҳоло намегӯем ва донистану гӯш кардан ҳам намехоҳем, ки Петросян шояд аз тоҷик омӯхта бошад!

Монологҳои Раҷабов, ки ба солҳои тиллоии санъати эстрадӣ дар сартосари давлати нопайдоканори СССР рост омадаанд, хеле хандабарангез, пур аз лутфу мутояба буданд. Аммо онҳо тамасхуре бар клани ҳукмрон, нидое бар алайҳи зулм, эътирозе бар раҳбарияти вақт низ буданд. Зимнан, шахсан барои ман, монологҳои Раҷабов бӯе аз моноспектаклҳои Петросян медоданд.

Агар хонандаи закӣ ва огаҳ таваҷҷуҳ кунад, маҳз дар авохири даврони шӯравӣ, монологҳои петросянӣ низ заҳрханда ҳам дошту ханда ҳам. Муҳимтар аз ин, он хандаҳо пас аз фосилае одамро саргаранг мекарду дар бораи худ, рафтори атрофиён, оқибати давлату сиёсат ва ғайра ва ҳоказо ба фикр рафта, ва аз худ суол мекардем:

- Куҷо равонаем?

Монологҳои Раҷабов низ маҳз чунин самт доштанд, ки шунаванда, бинанда, мухлис ҳатман баъди фосилаи тӯлонии «хандаи ҷигарӣ» умқан ба фикр фурӯ мерафт ва роҳи раҳоӣ аз варта меҷуст…

Ҳаргиз ба иззати нафси дигар барандагони жанри эстрадии сухани лутфдор расиданӣ нестам, вале ин нуктаро хоҳам гуфт, ки мутаассуф, дар тӯли 24 соли истиқлолият санъати эстрадӣ ақаллан 1 ҳунарманди наздик ба Убайдулло Раҷаб наофаридааст. Ҳама он нафароне, ки дар ин жанр панҷа нарм мекунанд, худ низ воқифанд, ки аз шукӯҳу шаҳомати худодод ва бе заволи маэстро Раҷабов ақаллан 10% барнадоштаанд.

Ва аммо ҳунари маэстро бо ин хатм намешавад. Дар дилхоҳ жанр, ки Раҷабов даст задааст, дасти тамом доштааст. Спектаклҳое, ки ӯ мебозид, ҳунармандон фавҷ-фавҷ дар сояаш ниҳон мемонданд. Вале сояи Хеопси ҳунар, Колосси жанри эстрада, Маэстрои санъати миллӣ обастан буд:

- Ортиқи Қодир, Лутфулло Давлат, Аслишо Раҳмондӯсти Қурбониён, Тоҷиннисо Саидова ва боз даҳҳову садҳо чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик, парварда ва зодаи ҳамин сояи маэстро мебошанд. Инҳо ҳама шогирдон, шодихӯрдагон, хатмуҳассилини мактаби Раҷабованд.

Хато ҳам намекунам, агар гӯям дар жанри моно-эстрадаи сухангустарӣ ва танз Убайдулло Раҷабов мактаби вежаи худро сохт. Ин мактаб аз эстрадаи советӣ, ки хеле доманадор, фарох, беканор ва профессионал буду ҳаст, маншаъ мегирад, ки ҳалолаш бод.

Убайдулло Раҷабов дар синематография низ дасти қавӣ дорад. Ҳар филме, ки ӯ бозидааст, ҳатман фардои рӯзи премйера халқӣ, мардумӣ, фолклор мешуданд; дар шаҳру деҳоту кӯчаву хиёбонҳо аз забони мардум лутфи убайдуллоевӣ садо медиҳанд ва дигар намефаҳмӣ, ки онҳо моли халқ буданду ба эҷодиёти Раҷабов гузаштаанд ва ё баръакс. Зеро маэстро Раҷабов худ аз мардум аст, мардумист, фолклори зинда аст…

Бо ин ҳама, фикр мекунам, ба раҳбарияти Кумитаи РТВ раҳ бурдани устод яке аз хатоҳои усулии ҳунарманд буд. Зеро абармардоне чун маэстро Раҷабов бояд ҳеч гоҳ санъати худодаи худро сарфи мансабу вазифа намекарданд. Зеро нобиғаҳоро дар ягон давру замон ягон ҳукумату идеология қабул надошту надорад.

Браво, маэстро! Брависсимо, Убайдулло Раҷабов!!!

Бозгаштатон ба сӯи мардум муборак! Зимнан, 75 солагии мардумитарин ҳунарманд ва ҳунармандтарин фарзанди мардум, уффф, ҳеҷ бовар надорам, ки ҳанӯзам чунин «ҷавон»-ед низ, ба мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!!!

Мо метавонем!

СССР, соли 2016

 

________________________________________

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Убайдулло Раҷаб аз зумраи ҳамин гуна чеҳраҳои шинохтаи миллат мебошад, ки бо  истеъдоди нотакрораш миёни халқ маҳбубият пайдо карда, дар пайраҳаи санъат ва ҳунар барҳақ ба дараҷаи устоди забардаст расида, дар рушди санъати тоҷик нақши барҷаста гузоштааст.

*  * *

Муъмин ҚАНОАТ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Ва аз ҳама ҳунармандони тоҷик, ки дар ин жанрҳо кор кардаанд то ба имрӯз Убайдуллои Раҷаб бартарӣ дорад.

* * *

Абдуҳамиди САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Дар зиндагӣ ба мартабае расидан, фаразан чун ҳунарманди асил ё шахсияти тавоно гули сари сабади ҷомеа шудан бахти беназир аст. Вале маҳбуби одамон ва ангуштнамои замон будан низ осон нест, хосса барои аҳли ҳунар...

* * *

Фарҳод РАҲИМӢ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ман аз таърихи башар камтар шахсиятеро медонам, ки дар ҳама давру замон байни омма як хел шуҳрату маҳбубият дошта бошад. Ӯ на танҳо як тан аз бузурги театру кинову ҳаҷв, балки донишманди нозукбине дар фаҳму дарки арзишҳои миллӣ, ташхиси ҳувияти миллӣ аз аносири ғайри миллӣ низ мебошад.

* * *

Зебинисо РУСТАМОВА, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши СССР, Мураббии шоистаи Тоҷикистон

Тири ман як нишон дораду чанд хол, тири сухани Шумо ҳазору як нишон дораду садҳо ҳазори дигар таъсиру манфиату шуҳрат.

* * *

Шерхон САЛИМЗОДА, ходими ҳарбӣ, генерал - лейтенант

Убайдулло Раҷабов дар баробари санъаткор будан, боз ходими давлатӣ низ мебошад. Замоне ки ӯ раисии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, шахсан шоҳиди таъсисёбии ансамбли рақсии «Гулрез» - и назди кумитаи мазкур будам, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ва саъю талоши бевоситаи Убайдулло Раҷабов тавлид ва побарҷо гардида буд.

* * *

Ҳабибулло АБДУРАЗЗОҚОВ, актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Ӯ ҳеҷ пуштибон, дастгир, ёвар, кумакрасон, тарғибгар надошт. Ба ин пояи баланди ҳунар ва шуҳрату вазифа, ки расидааст, ҳама натиҷаи саъю талош, кӯшиш, машқ, омӯзиш, сайқали маҳорат, машаққат ва бедорхобиҳои худи ӯ мебошад.

* * *

Султон МИРЗОШОЕВ, арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дар мисоли таҷлили ин идҳои таърихӣ мо дар шахсияти коргардони он шакл ва усулҳои нави эҷод кардани чунин чорабиниҳои бисёрҳазораро дарёфтем ва бовар ҳосил намудем, ки ӯ устоди ин касби мушкил гардидааст. Президенти ҷумҳурӣ, Ҳукумат ба Убайдуллои Раҷаб яке аз муҳимтарин шохаи давлат – Кумитаи телевизион ва радиоро гузошт.

* * *

Аслиддин НИЗОМОВ, доктори илми санъатшиносӣ

Аз рӯзҳои нахустини таърихи замони Истиқлолияти давлатӣ У. Раҷабов бо тамоми ҷасорату ҳашамати пайкари ҳунармандиаш ба ҷонибдории эҳёи ҳунари асил ва таҷассуми симои асили миллат қомат боло кард.

* * *

ГЕРДЕЛ Борис Борисович, режиссёри ҷашнҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Он истеъдоди фитрие, ки дар вуҷуди Убайдулло Раҷаб ҳамчун ҳунарманд ва таҳиягар зуҳур мекунад на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бештари мамлакатҳои ИДМ ҳам ба чашм намерасад.

* * *

Сироҷиддин МУҲРИДДИН, дипломат, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Насли мо тавъам бо ҳаҷву зарофати ӯ, ки масоили иҷтимоӣ, бурду бохт ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти моро инъикос менамояд, парвариш ёфтааст.

* * *

Иброҳим УСМОНОВ, журналист, доктори илми таърих, профессор

Жанрҳои эстрадии истифодабурдаи Убайдулло Раҷабов далолат медиҳанд, ки ӯ ҳам муаллиф, ҳам режиссёр, ҳам актёр, ҳам таҳлилгари он зарриндонаҳои санъат аст, ки ба хазинаи ҳунари тоҷик рехтааст.

* * *

Назруллои АБДУЛВАҲҲОБ, ходими ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ, ки назорат бағоят сахт буд, Убайдулло Раҷаб тавонист тариқи телевизион, театр ва озмунҳои “Бӯстон” реформаҳои ҳунарӣ гузаронда, қолабҳоро шиканад.

*  * *

Кароматулло ОЛИМОВ, файласуф, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Убайдулло Раҷабов ҳунарпеша,  асосгузори Театри намунавии миниётурии «Оина» мебошад, ки дар он солҳои зиёд роҳбари бадеӣ буд

* * *

 

Умари ШЕРХОН, нависанда, публитсист, дорандаи Ҷоизаи Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон

Имрӯз бо бовари том метавон иброз дошт, ки дар кишвар, то ба дараҷаи устод Убайдулло Раҷаб таҳиягаре дар ба саҳнагузории намоишҳои серодам бо чунин сатҳ вуҷуд надорад...

Дигарон низ чунин мепиндоранд…

* * *

Нигина РАУФОВА, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Убайдулло Раҷабов як шахси нотакрор аст. Ӯ ҳам марди майдон аст, ҳам ҳунарманди бузург аст.

* * *

Гулназар КЕЛДӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар ҳама ин суханҳо, дар ҳама ин ҳаракатҳо, дар ҳама ин амалиётҳои ӯ сохтакорӣ эҳсос намешавад. Ва муҳбубтарин ҳунарпешаи ҳаҷвгӯ ва ҳаҷвбози мост.

* * *

Толиб ШАҲИДӣ, композитор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Ҳамчун ҳунарманд ва режиссёр ӯ навовари барҷаста аст. Минётураҳои саҳнавӣ ва тақлидҳои ҳаҷвиаш такрорнашаванда буда, аз зиндагии ҳаррӯзаи мо гирифта шудаанд. Он чизе, ки ӯ медид, мо дида наметавонистем.

* * *

Холаҳмади МАҶИД, дирижёр - хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

На танҳо ифтихори мо – дӯстон, ҳамкорон, аҳли ҳунар аст, балки ифтихори миллат мебошад.

* * *

Талабхӯҷа САТТОРОВ, оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ

Шояд аксари мухлисони сершумори Убайдулло надонанд, ки ӯ ба ҷуз аз ҳунарпешаи мумтоз будан, инчунин, таҳиягар ва донандаи бисёр хуби мусиқӣ ва этнография ва ҳунарҳо ва расмҳои мардумӣ мебошад.

* * *

Қиматулло РАҶАБОВ, режиссёр, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Ӯ бародари хуб, дӯсти ҷонӣ аст. Бо ин, ки ӯ бисёр заминӣ, дастрас ҳаст, ҳам бисёр осмонӣ ва дастнорас мебошад. Ҳамеша аз ӯ розиям ва бо ҷону дил дуогӯяш мебошам.

* * *

Раҳмон ОСТОН, адиб ва рӯзноманигор

Ӯ, ки нисбати рӯйдодҳои манфии ҳаёт ҳеҷ гоҳ бетараф набуд ва нест, бештар гӯш ба дардҳои мардум медиҳад. Рамзу киноя, тамасхур, ханда ва лафзҳои духӯраро дар гуфтораш хеле боназокат истифода мебарад.

* * *

Парвин ЮСУФИ, певица, Заслуженная артистка Таджикистана

Юмор это признак хорошего интеллекта и Убайдулло Раджабов является его носителем.

***

Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР, журналист, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радиои «Тоҷикистон»

Ӯ дардро, ноҳақиҳоро бо ханда мекушт, бо ханда фош мекард. Ва ҳама дар чунин ҳолатҳо худро медиданд, мешинохтанд, вале боз кӯр-кӯрона қоҳ-қоҳ мезаданд. Аҷаб одамоне… Нигоҳи ӯ ба синаи онҳо мехалид ва чун нур дили онҳоро месӯзонд…

***

 

Таҳияи Умари Шерхон

01.7.2021

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter