Марди бузурги футболи Афғонистон
Собиқадорони футболи Афғонистон бо сарварии президенти Федератсияи футболи Афғонистон Киромиддин Каримӣ барои гузаронидани якчанд бозии дӯстона бо собиқадорони футболи Тоҷик ба Душанбе омаданд. Дар баробари баргузории бозиҳои дӯстона масоили ҳамкорӣ ва дурнамои рушду инкишофи футболи ҳар ду кишвар таҳлилу баррасӣ мешаванд.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Зайтуна Назарова – мураббии варзишгар Дилшод Назаров ғолиби озмуни «Беҳтарин мурабии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» дониста шуда аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мукофотпулии 3 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардид.
Рӯзи 16 апрел, соати 9 дар пойтахт мусобиқаи Ниммарафони 7-уми байналмиллалии Душанбе бо ширкати варзишгарон аз 15 шаҳри бародаршаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Дар ҷумҳурӣ мавсими нави футбол чун анъана бо бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оғоз шуд. Бозӣ рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор гардид. Дар ин бозӣ чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 “Истиқлол”-и Душанбе бар барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли 2015 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда барои бори шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев, ки дар Маскав ба тамрин ва тарбияи паҳлавонони ҷавон дар Маркази омӯзишии "Самбо-70", машғул буд, акнун ба фаъолияти мураббигии мустақилона дар мактаби худаш шурӯъ кард. Ӯ мактаби махсуси худашро кушода акнун ба дзюдочиёни ҷавон маҳорати касбӣ меомӯзонад.