Принт

Таъсиси Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон

Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ-Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид. Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст аст. Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шуда, тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қушунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Ба замми ин нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Марказ пайваст мегарданд ва ин имкон медиҳад нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеву минтақаи муаянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шурӯъ кунад.




Матлабҳои дигар