Гирифтани пули нақд дар бархе аз банкоматҳои «Агроинвестбонк»-и Муродалӣ Алимардонов дучори проблема шуда, дар пайи эълонҳои фурӯши қисме аз амволи ин бонк, мизоҷонашро низ зери ташвиш гузоштааст. Чанде аз муштариёни «Агроинвестбонк» мегӯянд, тарс аз он доранд, ки ин бонк мисли «Тоҷиксодиротбонк»-и Тоҷиддин Пирзода қобилияти пардохти худро аз даст надиҳад. Аммо масъулони “Агроинвестбонк” гуфтаанд, ҳеҷ ҷои ташвиш нест ва ин бонк ягон мушкили ҷиддӣ надорад.
Хонандагони азиз! Чуноне ки дар шумораҳои гузашта эълон кардем Газетаи мардумии СССР аз 1 июни соли ҷорӣ Лоиҳа-озмуни навро бо номи «25 тоҷири муваффақи Тоҷик», ки ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, роҳандозӣ намуд. Тӯли ин ҳафта мардум Тоҷири муваффақи худро интихоб кардаанд, ки мо онҳоро ба шумо ошно месозем:
Ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрокворӣ то 2-3 маротиба боло мерафт. Ин пеш аз ҳама нигаронии сокинон, хосса, бошандагони ш.Қурғонтеппаро ба вуҷуд меовард. Аммо Рамазони имсол нархҳоро дар Хатлон ба дараҷаи чашмрас боло набурд. Коршиносон агар ин падидаро поин рафтани қобилияти харидории мардум ҳукм кунанд, пас масъулини бозорҳо инро муваффақияти худ мешуморанд, ки дар натиҷаи захираи маҳсулоти зарурӣ бозорро фаровон кардаанд.
Айни замон бунёди 3 корхонаи калони саноатӣ – кимиёвӣ: корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, ки дар чаҳорчӯбаи стратегияи рушди ашёи хоми маҳаллии КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» - ТАЛКО татбиқ мешавад, дар арафаи анҷомёбист. Ифтитоҳ ва ба истифода додани ин корхонаҳо моҳи августи соли 2016 пешбинӣ гардидааст.