
Масъалагузории собиқадори соҳа, нафақагир Мухбира Назарова дар мақолаи «1 моҳ дам гирифтем! Баъд чӣ?» (СССР, 25.02.2016, №9) оид ба тағйир додани вақти таътили хонандагон дар давоми соли хониш масъалаи нав набуда, атрофи он андешаҳои мухталиф дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба чоп расидааст. Муаллимаи азиз! Бояд донед, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шабакаи рушдёфта ва мавриди амал қарордиҳандаи муассисаҳои муосири таълимӣ ва татбиқкунандаи ҷараёнҳои навсозӣ дар низоми таълим ва тарбия қарор гирифта, дар ҳамаи фаслҳои сол фаъолияти гуногунро дар зинаҳои таҳсилот ба роҳ мондааст. Хонандагон дар давраҳои таътили зимистона ва тобистона ба машғулиятҳои иловагӣ фаро гирифта шуда, ба мутолиаи китобҳои тавсиявӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, фаъолият дар маҳфилу озмунҳо, машғулиятҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Шояд дар даврони Шӯравӣ тақсими соли таҳсил ба чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ боақлона буд, имрӯз бошад, чунин низом моҳияти худро гум кардааст. Таҷрибаи гузашта хуб аст, онро омӯхта, ба даврони соҳибистиқлол мутобиқ кардан вазифаи муҳим дар низоми маорифи миллист. Таътилҳои пайдарҳами соли таҳсил ба кам шудани ҳафтаи таълимӣ ва ҷудошавии мунтазами хонандагон аз раванди таълим сабаб гашта буд. Гузашта аз ин, вақте мехоҳем дар радифи дигар кишварҳо вориди низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ бошем, пас, бояд таълиму тадриси худро бо назардошти махсусиятҳои миллӣ ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамрадиф созем. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таътили ҷорикардашуда ҳеҷ гоҳ ба раванди таълимгирии хонандагон монеа нашудааст ва нахоҳад шуд, чунин тарзи ташкили кор имконият медиҳад, ки омӯзгорон низ ба худомӯзӣ ва иштироки васеи худро дар семинарҳои омӯзишӣ, иттиҳодияҳои методии фаннӣ ва курсҳои баландбардории малакаи касбӣ истифода намоянд.
Дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм