Принт

Вазорат назорат мекунад

(ҷавоб ба навиштаи «120 000 китоб брак»-и С.Ғаффор. (СССР, №33, 18.08.2016)

Маврид ба зикр аст, ки китобҳои дарсӣ аз с.2002 инҷониб тавассути низоми иҷора ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас карда мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки ба фурӯши озод баровардани китобҳои дарсӣ дар дӯконҳои савдои китоб хилофи меъёрҳои низоми иҷора буда метавонад. Аммо давоми солҳои зиёд савдогарон ва корчаллонҳое, ки ба нашри китоб сари кор мегиранд, аз фурсат истифода карда, бо роҳи нусхабардорӣ ба чопи китобҳои дарсӣ, ки ҳамасола дар арафаи соли хониш талабгори зиёд доранд, машғул мешудаанд. Чунин амалҳо боиси он шуд, ки ба бозор ва дӯконҳои савдои китоб ҳар гуна китобҳои дарсии пастсифат ва пур аз ғалат роҳ ёфт. Аз ҷумла, китоби “Забони модарӣ” барои синфи 2, ки дар матлаб сухан сари он рафтааст, бо чунин роҳ ба дуконҳои савдои китоби мағозаи “Олами китоб” роҳ ёфтааст. Лек тавре дар сарлавҳа «120 000 китоб брак» зикр шудааст, мутаассифона чунин нест ва ҳеҷ 1 савдогар ҳам якбора тахмин намекунад, ки 1 китобро бо чунин адади зиёд ва сифати паст нашр карда, ба бозор барорад. Бояд гуфт, ки китоби “Забони модарӣ” барои синфи 2-ро с.2012 Вазорати маориф ва илми ҶТ бо теъдоди 120 000 нусха барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чоп карда буд. Он 120.000 нусхае, ки дар китобҳои “брак” омадааст, ҳангоми нусхабардорӣ аз китоби асосӣ гузаштааст. Зеро Вазорати маориф ва илм барои ба фурӯш баровардани китобҳои дарсӣ бо мағозаи “Олами китоб” шартномаи ҳамкорӣ надорад. Аз ин сабаб чунин мағозаҳо бо роҳҳои ғайриқонунии фурӯши китобҳои дарсӣ даст мезананд...

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,

илмию методии Вазорати маориф ва илми ҶТ

 

Матлабҳои дигар