Принт

Дар хатсайри №41 низом ҳаст


Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нақлиётгаз» дар робита ба мақолаи «Бенизомиҳои хатсайри №41» (СССР, №19(400), 12.05.2016) иттилоъ медиҳад, ки он дар ҷаласаи кормандону ронандагони ҶДММ «Нақлиётгаз», ки хизматрасонии хати сайри №41 (Мошинбозор-ошхонаи миллӣ (чорроҳаи собиқ колхози Ленинград)) ба мо вобаста карда шудааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар мақола умумигӯӣ шуда, ягон факти қоидавайронкунӣ бо нишон додани рақами давлатии воситаи нақлиёт нишон дода нашудааст. Новобаста аз ин бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд ва онҳо огоҳ карда шуданд, ки дар ҳолати ба чунин қоидавайронкуниҳо роҳ додан аз фаъолият дар хатсайр барканор мешаванд. Ҳаққи роҳкиро дар ин хати сайр, ки зиёда аз 20 км-ро ташкил медиҳад, 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст.
Директор Ф.Отаев

Матлабҳои дигар