Принт

Тақвими Рамазон Аҳмади порина нест

Шабпарак гар набинад офтобро,

Нақс набувад меҳри оламтобро.

Дар ҳафтаномаи «СССР» (№26(407) 30.06.2016) мақолаи Зиёҷон Хошматов «Тақвими Рамазон-Аҳмади порина!» чоп шудааст. Мавсуф Шӯрои уламо ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди нодурустии тақвими таҳияшуда гунаҳкор меҳисобад. Даъвоҳои ӯ ба масали мардумӣ рост меояд, ки мегӯянд: «Ҳофиз манаму бародарам мехонад». Ӯ дар мақолааш оиди тақвими Шӯрои уламо эродҳои нодуруст зикр карда, тибқи хоҳишу ҳаваси худ «тасҳеҳоти олимона» баён доштааст. Аз мазмуни мақола бармеояд, ки шаҳрванд бо ягон ниҳоди динии расмии кишвар мулоқот надошта ва ошноӣ надорад. Афроде, ки имрӯз аз донишу фарҳанг бохабаранд, медонанд, ки аъзои Шӯрои уламо илова бар ин ки шахсони донишманду босавод ва Худотарс ҳастанд ва нисбати ягон фард хиёнат намекунанд, бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ алоқаи зич доранд ва масоили муҳими динии марбут ба ин самтро бо машварату баррасӣ ҳаллу фасл ва хулосагирӣ мекунанд. Он чи имрӯз дар тақвими моҳи Рамазон оид ба вақтҳои нишондодашуда ба чоп расидааст, тибқи хулосаи илмии ин ниҳоди мазкур аст ва он эродҳое, ки нисбати Шӯрои уламо гуфта шудааст, асоси илмӣ надоранд, балки даъвоҳои муаллиф ё аз рӯи ғараз, ё аз рӯи ошно набудан ба масоили динӣ ва илми астрономия аст. Муаллиф тибқи фаҳмиши худ субҳи содиқро ба таври худ шарҳ дода, онро бо вақти гузоридани намози бомдод як донистааст, ҳол он ки тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) намози бомдод 1 соат баъд аз дамидани субҳи содиқ гузорида мешавад. Илова бар ин, муаллиф худро ҳамчун олими астроном нишон дода, дамидани субҳро чунин маънидод намудааст, ки «аз ҷониби офтоббаро як гуна махлуте ба сапедӣ пайдо шуда…». Аслан дар ин ин ҷо ҳеҷ «махлуте» нест», балки нурҳои офтоб аст, ки андак-андак дар уфуқ мунташир мешаванд ва тамоми осмонро ба тадриҷ фаро мегиранд. Муаллиф эътироз кардааст, ки Шӯрои уламо дар тақвим вақти рӯзакушоиро нишон надодааст ва чунин овардааст, ки «шом барои намоз асту фурӯ рафтани офтоб барои рӯзакушоӣ». Сипас дар «тақвими тартибдодаи худ» вақти фурӯ рафтани офтобро соати 19.25 дақиқа муқаррар намуда, мегӯяд: «Яъне рӯзаро бояд ин вақт кушоянд». Бояд гуфт, ки интиҳои рӯза то вақти намози шом аст ва намози шом низ бо фурӯ рафтани офтоб фаро мерасад. Ҳар як фарди солимфикр медонад, ки дар ин рӯзҳо офтоб дар соати 19.25 дақиқа ҳанӯз ғуруб намекунад. Воқеият ин аст, ки вақти дар тақвим нишондодашуда комилан саҳеҳ аст ва ягон нуқсон надорад. Тибқи масоили фиқҳӣ вақти кушодани рӯза ва вақти намози шом ҳар 2 яке аст. Албатта дар бархе манотиқи кишвар 5 ё 10 дақиқа тафовут вуҷуд дорад, ки он ҳам дар тақвим зикр шудааст. Аз ин рӯ, набояд ба тақвими тартибдодаи Шӯрои уламо, ки дар асоси далелҳои илмӣ ва хулосаи Институти астрофизика омода шудааст, эътирозҳои подарҳаво намуд. Ин ҷо бо байти шоир сухани худро ҳусни анҷом медиҳем, ки фармудааст:

Чӣ бешармист аҳли фазлро эрод мегиред,

Ба ҳарфи беғалат, он кас, ки нашносад сару поро.

Бо эҳтиром,

раис Саидмукаррам Абдуқодирзода

 

Матлабҳои дигар