ХАБАРИ ДОҒ

(посух ба мақолаи «Маориф: Мо аз кӯдакон пул мегирем!» (СССР, №30)

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мӯъминобод мақолаи мазкурро дар Шӯрои шӯъбаи маориф бо ширкати мудирони муассисаҳои таълимӣ ва муаллиф мавриди баррасӣ қарор дод. Воқеан, кутуби дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ тариқи иҷора соли якум аз рӯи 34%, соли дуюм ва сеюм 33% муайян шуда, тибқи низомномаи фурӯши китобҳо, ки бо фармоиши Вазири маорифи ҶТ аз 25.11.2010, №2859 тасдиқ шуда, дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Имсол бо дастгирии Вазорати маориф дар деҳаи Боғгаии ҷамоати деҳоти Боғгаӣ мактаб барои 320 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд. Аз маблағҳои буҷети ноҳияву вилоят сохтмони 5 мактаб барои 1700 ҷои нишаст идома дорад. Тариқи ҳашар дар деҳаи Кули Ғарибии ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳин 4 синфхона, дар деҳаи Қулулуи ҷамоати деҳоти Кулчашма 4 синфхона, дар деҳаи Дашти Калони ҷамоати деҳоти Чилдухтарон 2 синфхона, дар мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳия 2 синфхона, дар деҳаи Кундошаҳри ҷамоати деҳоти Чилдухтарон 1 синфхона сохта ба истифода дода шуданд… Тибқи имконият бояд хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба маҷалла ва рӯзномаҳо обуна шаванд ва ҳатто истеъдоди худро дар маҷаллаҳои кӯдакона санҷанд. Масъалаи хариди бӯр, гӯшаҳои синфӣ ба роҳбарони синф, қуфл ва дафтар (журнал)-ҳои синфӣ ба мудирони муассисаҳои таълимӣ вобаста аст.

Л.Ҷумъаева,

муовини раиси ноҳия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter