ХАБАРИ ДОҒ

СМСи СССР барои иғвоангезист?

  • Ҷумъа, Июн 24 2016

Мӯҳтарам сардабири ҳафтаномаи СССР!

Маводи дар саҳифаи 6-и рӯзнома аз таърихи 2.06.2016 (аз чӣ бошад, ки нашрия рӯзи 1.06.2016 ба дасти муштариён расидааст) бо номи «Духтарам аз пушти маршировка хориҷ шудааст» нисбат ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шуда истодаанд, масъалаи дар боло оварда тӯҳмат аст ва хусусияти иғвоангезӣ дорад. Зеро то ҳол дар Донишгоҳи тиббӣ ягон нафар вобаста ба ин чорабиниҳо аз донишгоҳ хориҷ карда нашудааст ва баъдан мо ҳайронем, ки чаро шумо барои ин далелро аниқ кардан ба шахсони масъули Донишгоҳи тиббӣ муроҷиат накардед? Воқеан баъди нашр шудани мақолаи шумо хостем, ки кӣ будани донишҷӯи хориҷшударо маълум кунем, вале афсӯс, ки он 2 рақами телефони дар поёни хабар овардаатон рақамҳои бофтаю сохта баромаданд, зеро рақами дуюм ба хонандаи мактаби №1-и ш.Душанбе тааллуқ дораду рақами дуюм бошад умуман дар тамос нест. Шумо бо ин ибораҳои тамасхуромезатон «Наход, маршировка аз хондану соҳиби диплом шудан зарур бошад-а?!» дар байни хонандагонатон обрӯву эътибори донишгоҳи мо ва Вазорати маориф ва илми кишварро ноҳақ паст задаед. Аз ин хотир, раёсати Донишгоҳи тиббӣ талаб мекунад, ки дар робита ба ин қазия дар нашри ояндаи ҳафтаномаи СССР раддия чоп карда, аз раёсати Донишгоҳи тиббӣ вобаста ба масъалаи мазкур узр пурсед, зеро Шумо худатон беҳтар медонед, ки тибқи қонун «Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд». Дар акси ҳол раёсати Донишгоҳи тиббӣ зарур мешуморад, ки тибқи моддаи 21-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои ҳимояи шаъну шараф ва мақому манзалати муассисаи бонуфузи таълимии мамлакат ба суд муроҷиат намояд.

Ректор М.Қ.Гулзода

Аз редаксия: Газетаи мардумии СССР аз хонандагон расман даъват мекунад, ки паёмакҳои иғвоангез ва бӯҳтонӣ нанависанд! Мо паёмакҳои шуморо мардона нашр мекунем, пас шумо номардӣ накунед ва обрӯи худро нарезед. Мо тавассути ширкатҳои мобилии хизматрасон чунин нафаронро меёбем ва ҷазо медиҳем. Зеро пушти озодии сухан тӯҳматзаниҳо ноҷавонмардист! Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter