Каримова дар бораи беасос ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани писари бемораш И.Ҳакимов изҳори нигаронӣ кардааст. Баъд аз таҳлил ва гузаронидани санҷиш оид ба ҳолати мазкур муайян карда шуд, ки шаҳрванд И.Р.Ҳакимов дар Литсейи касбӣ-техникии н.Файзобод таҳсил карда, бо фармони директори литсей аз 28.03.2016 таҳти №3 барои давомоти нокифоя, дарсшикании пайваста, ки дар давоми соли 2015-16 зиёда аз 150 соати академиявиро ташкил медиҳад, аз литсейи мазкур хориҷ шудааст. Бо назардошти он ки ӯ муваққатан дар давоми таҳсил дар қайди Комисариати ҳарбии н.Файзобод қарор дошт, аз ин ноҳия ба хизмати ҳарбӣ даъват ва гусел карда шудааст. Ҳамин тариқ, 5.04.2016 Ҳакимов бо қарорҳои комиссияи даъватии н.Файзобод ва комиссияи назоратии ҷумҳуриявӣ бо маҳдудияти саломатии дараҷаи 3 қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда, ба қисми ҳарбии 02214-и Вазорати мудофиаи ҶТ барои адои хизмат фиристонида мешавад. Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбии даъватӣ чунин шахсонро барои ба хизмати ҳарбӣ даъват намудан иҷозат медиҳад.
Бо эҳтиром, полковник Маҳмадализода Фариддун






