Принт

Масъалаи Фозилов мавриди таваҷҷӯҳ аст

(ҷавоб ба мақолаи “Омодагии дифоъи ҳарбиро намедонем!” СССР №9, 25.02.2016)

Омӯзгор Хушбахт Фозилов муаллифи ин матлаб масъалаеро баррасӣ кардааст, ки воқеан, қобили таваҷҷуҳ аст. Ҳамзамон, дар ҳошияи навиштаи ӯ нахуст бояд қайд намуд, ки тибқи Нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои соли таҳсили 2015-2020 ва солҳои минбаъда ба таълими фанни “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” барои зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11) ҳафтае яксоатӣ ҷудо шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар 2601 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 2492 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 96 нафар зан ба таълими фанни мазкур машғул аст, ки аз ин миқдор 1945 тан (78%) дорои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, 1598 тан (64%) дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ буда, 80 тан бо таҳсилоти олии нопурра (3,21%), 410 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ (16,4%) ва 57 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ -2,2% (пас аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ) фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 600 нафар (25,5%) бо дараҷаи тахассуси олӣ, 558 тан (23,7%) бо дараҷаи тахассуси 1, 235 тан (10%) бо тахассуси дараҷаи 2 ва 945 нафар (40,8%) бе дараҷаи тахассуси омӯзгорӣ ба фаъолият машғуланд. Дар асоси дархости раёсат ва шуъбаҳои маориф тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мақомотҳои дигар 531 тан омӯзгори фанни мазкур фиристода шуд, ки аз онҳо 371 тан (69,9%) ба ҷои кор ҳозир шуда, 160 тан (30,1%) ҳозир нашуданд. Айни ҳол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 7 нафар омӯзгори ин фан эҳтиёҷ доранд...

А.Алиев-сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм

 

Матлабҳои дигар