ХАБАРИ ДОҒ

ККВД «Автобус-2» мақолаи «Ҳакимов бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд» (СССР, №15(394), 14.04.2016)-ро дар ҷаласаи кормандонаш мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки 15.08.2014 (Суратмаҷлиси №32) дар ҷаласаи кормандони соҳаи нақлиёти ш.Душанбе қарор қабул шуда буд, ки воситаҳои нақлиёти тамғаи Мерседес, ки аз 16 ҷои нишаст зиёд доранд ва дар шиносномаи техникиашон  ҳамчун автобус эътироф шудаанд, дар хатсайрҳои автобусӣ ҷалб карда шаванд.

Дар асоси ин қарор воситаҳои нақлиёти Мерседес ба хатсайри автобуси №2 дар қатори автобусҳо ҳанӯз моҳи сентябри соли 2014 ба хатсайр ҷалб карда шуданд. Ҳакимов Ф.С. аз 23.11.2015 директори ККВД «Автобус-2» таъйин шуда, барои ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти хатсайри автобуси №2 (Бозори Корвон-Тоҷикбакалея) корҳои назаррасро анҷом додааст, аз қабили ба корхона даромада роҳхат гирифтани ронандагон, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо, аз муоинаи ҳаррӯзаи техникӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт ва аз рӯи нақшаи хатсайр фаъолият кардани воситаҳои нақлиёт дар хатсайр. Камбудиҳои дигаре, ки дар фаъолият ба назар мерасанд таҳти назорат қарор доранд ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин аз байн бурда мешаванд.

Роҳбарияти ККВД «Автобус-2»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter