ХАБАРИ ДОҒ

Аз таваҷҷӯҳатон миннатдорем

  • Ҷумъа, Май 20 2016

Роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мақолаи «Абдуллозода як бор ҳоҷатхонаҳои фурудгоҳро би

Чунончи, аз пурсиши иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони рӯйдоди дар мақола тасвиршуда ва инчунин азназаргузаронии сабти видеоии толори хизматрасонии хатсайрҳои маҳаллӣ аён шуд, сабаби сар задании моҷаро миёни мусофири хатсайри Душанбе-Хуҷанд Ҷамила Ҳусейнова ва корманди қабулкунандаи бору бағоҷ аз ҷониби мусофир барои қайд пешниҳод нашудани бағоҷи ӯст. Талаби қонунии корманди фурудгоҳ дар ин хусус боиси қаҳру ғазаби муаллиф шудааст. Ҳамчунин гиламандии Ҷ.Ҳусейнова аз вазъи гӯё ноҳинҷори ҳоҷатхонаҳои фурудгоҳро низ идомаи оташи ранҷиши қаблии ӯ маънидод метавон кард, зеро тафтиши ҳолати хоҷатхонаҳо, ки чанде пеш таъмир шуда буданд, ҳеҷ гуна норасоиро ошкор накард. Бояд гуфт, ки акси ба сифати далел овардаи муаллиф ба фурудгоҳи Душанбе умуман рабт надошта, ба эҳтимоли тамом тасвири ҳоҷатхонаи фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аст. Бо ин вуҷуд, роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе аз идораи ҳафтаномаи СССР, хосса, хабарнигори он Ҷ.Ҳусейнова барои изҳори таваҷҷуҳ ба фаъолияти фурудгоҳ арзи миннатдорӣ намуда, умедвор аст, ки дар оянда ҳафтанома вобаста ба фаъолияти муассиса матолиби неку мунсифона ба табъ мерасонад.

Бо эҳтиром,

Директории генералӣ Абдуллозода И.Ф.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter