17 марти соли ҷорӣ дар назди шӯъбачаи шаҳрии милитсияи № 26 ШВКД Сино -2-и пойтахт 1 утоқи махсус барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ифтитоҳ ёфт, ки имкон медихад ба шаҳрвандоне, ки бо хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ рӯбарӯ шудаанд, омада барои ҳалли мушкилоти худ маслиҳат ва кӯмаки равониву ҳуқуқӣ бигиранд.
Кормандони ВКД ҶТ ҷасади Пардабой Одиназодаи 25-соларо, ки дар ш.Ваҳдат дар 20-км шарқи Душанбе нопадид шуда буд, дар назди деҳаи Ҷавонон аз зери хок ёфтаанд.
9- уми марти соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук дар ҳудуди шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиаш 2112 АЕ 01 боздошт карда шудааст.
Соҳибкори инфиродӣ Қодиров З, ки ба миқдори 13 ҳазору 600 халта ордро ба Тоҷикистон ворид кардааст, на ба тариқи ҷазо ва ҷарима, балки тавассути гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ боҷи гумрукиро пардохт намуд.
Дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт Шӯъбаҳои нави ВКД ҶТ ифтитоҳ ёфта минбаъд ШВКД Фирдавсӣ-1,ШВКД Фирдавсӣ-2, ШВКД Шоҳмансур-1 ва ШВКД Шоҳмансур-2 фаъолият хоҳанд кард.
Газетаи мардумии СССР имрӯз, 14 марти соли 2016 Диплом ва тӯҳфаи рамзии худро ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғолиби лоиҳа – озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик»-и ин ҳафтанома гаштааст, тақдим намуд.