Принт

Пешниҳод қобили дастгирист

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар робита бо матлаби муаллиф Сафаралӣ Бегмонов вобаста ба таъминоти об иттилоъ медиҳад, ки мавсими обрасонӣ мувофиқи реҷаи муқарраршуда ҳар сол аз 1 апрел оғоз гардида, то 1 октябр идома меёбад ва сипас дар муддати боқимондаи сол чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистона гузаронида мешаванд. Зимни роҳандозии чорабиниҳои мазкур тамоми шабакаҳои обрасонӣ ва заҳбуру заҳкашҳо аз ифлосиҳо тоза карда, дастгоҳҳои обкашию муҳаррикҳо ва дигар иншооти гидротехникию таҷҳизоти барқӣ таъмиру тармим ва ба мавсими нави обрасонӣ омода гардонида мешаванд.

Новобаста аз тартиби қабулгардида, ки аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, дар ҳолатҳои зарурӣ бо дархости обистифодабарандагон ва бо шарти пешпардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, дастгоҳҳои обкашӣ ба кор андохта мешаванд.

Заминҳои хоҷагии деҳқонии «Зулайхо» дар масоҳати 6,0 га, ки сарварии онро худи Бегмонов С. ба уҳда дорад, аз канали Р-1 тавассути пойгоҳи обкашии №1 обёрӣ карда мешаванд. Мутаассифона, муҳтарам Бегмонов С. бо мақсади таъмини об ягон маротиба ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дархост пешниҳод накардааст.

Пешниҳоди муаллиф ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 2 моҳ зиёд намудани муҳлати имтиёзноки истифодаи неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ (аз 1 март то 1 ноябри ҳар сол) қобили дастгирист, зеро вобаста ба иқлими маҳал, обёрии заминҳои кишт дар моҳҳои март ва октябр зарур мебошад. Аммо ҳалли ниҳоии масъалаи мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ҷ.Саидзода,  

раиси ноҳияи Ёвон  

Матлабҳои дигар