Принт

2525-таксии мардумфиреб

 

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР!  Ман аз фаъолияти ронандаҳои ширкати таксиҳои 2525 шикоят дорам. Ронандаҳои ин таксиҳои беинсоф дар забонашон чанде, ки рост омад, ҳамон қадар нархи роҳкиро талаб мекунанд. Масалан аз шаҳрак ба деҳаи Чапаев, дар масофаи 1 километр, 15 сомонӣ талаб мекунанд, ки хеле зиёд аст. Ронандаҳои таксӣ беинсофона баҳона мекунанд, ки роҳҳои деҳаи Чапаев фарсудаанд, чуқуриву баландиаш зиёд, сӯзишворӣ бисёр сарф мешавад…

Ман ба раҳбарияти ширкати 2525, ба сардорашон занг зада, шикоят кардам, ваъда доданд, ки нисфи маблағи барзиёд ҳисобшударо бармегардонанд. Лекин барнагардонданд. То кай таксиҳои ширкати 2525 мардумро фиреб мекунанд?

Давлатмоҳ Мавлонова,

шаҳраки Москваи н.Ҳамадонӣ 

Матлабҳои дигар