Принт

Дорухат 1000 сомонӣ

 

Медонед, ҳоло духтури маълумоти олидор  дар  ноҳияи Муъминобод бисёру  вале боз 65 нафар ихтисосманд намерасад. Вале духтурони  бемориҳои дарунӣ гузарониданд. Гап сари он ки яке  бемор шуда  наздашон равед, 1 дорухати дурударозе менависанд, ки 1 халта мешавад. Нархаш ҳам казоӣ не, аз домани 1000 сомонӣ мегузарад.  Сирри чунин дорухатнависиро 1 духтури  донои  ҳоло  дар нафақа ин тавр ошкор кард:

- Баъзе табибон ё институти  тиббиро дуруст нахонданд, ё бо  тағо хондаанд, ки касбашонро дуруст сарфаҳм намераванд. Баъд менависанд 20-30 доруеро ки баъзеяш аз ҳад қиматанд. Шояд аз онҳо ягонтааш ба бемор фоида кунад. Барои ин доруҳои зиёдро дар дорухат (ресепт) дурмақатор мекунанд. Бемор ё бемордор дигар маҷбур аст, қарз кунаду доруҳои 1000 сомониро  харад.

Барои ҳамин хуб  аст, ки дар  тақдиратон ягон табиби  ихтисосманду доно, кордон ва мефаҳмидагӣ афтад, набошад худат муфлис мешавӣ ва беморат шифо намеёбад. Ба ҳар ҳол тақдир, толеъ ва бахтатон мадад кунад зинда мемонед. Қавоқи баъзеашонро намегӯед, хаёл мекунӣ нав бадбахтиеро паси сар кардаву бемор гунаҳкор аст. Қисми дигараш нимғурма, писхандомез гап мезананд, ки намефаҳмӣ чӣ мегӯяд. Ба ҳар ҳол аз табиби баду нодон ва зиштрӯй Худо нигаҳ дорад.

Нурулло Ҳасанов,

н.Мӯъминобод

Матлабҳои дигар