(Интермедия)
Сардори муассиса 1 моҳ пеш аз «переатестатсия» дар ҷамъомаде варақеро нишон дода, эълон намуд, ки ба ин саволҳои тартибдодаи масъулон тайёрӣ бинанд. Зеро пурсиш аз рӯи ҳамин саволҳо сурат мегирад.
Инак, рӯзи супоридани «переатестатсия» фаро расид. Масъулон қиёфаашонро хеле ҷиддӣ вонамуд карда, дар утоқи барҳавое як- як ба саволу ҷавоби кормандон шурӯъ карданд. Ҳама дар ташвишу изтиробанд, ки «переатестатсия»-ро чӣ хел месупорида бошанд. Фақат Карим ном корманде бепарво буду халос. Навбати Карим ҳам расиду бе тарсу бим вориди утоқ шуд, вале ба ягон савол ҷавоб надод.
Масъул бо қатъият ба Карим рӯ оварда, Шумо «переатестатсия»-ро супорида натавонистед гуфт. Карим боз бепарвоёна «мебахшед мо ҳамаи кормандон 1 ҳафта пеш «переатестатсия»-ро ҷамъ карда, ба дасти сардор супорида будем, посух дод.
- Чӣ хел? – масъул ҳайрон шуда пурсид.
- Чӣ хеле, ки лозим буд, чӣ хеле шумо аз сардор талаб карда будед, -ҷиддӣ ҷавоб дод Карим. Масъул суханҳои кинояомези Каримро фаҳмида, ба хотири фош нашудани сир бо табассуми сохта, модоме, ки «переатестатсия»-ро 1 ҳафта пеш супорида бошед нағз, ба шумо ҷавоб, гуфт…
Таваралӣ Авсақолов,
н.Фархор
