
Ман ҳам дӯстдори давлати абарқудрати Советӣ мебошам. Дар ин давлат бузург шуда тарбия ёфтаам. Дар яке аз шумораҳои гузаштаи ҳафтаномаи рафиқ Сафват Бурҳонов қайд карда буд, ки дар шӯравӣ мағозаҳою дӯконҳо холӣ буданд. Он кас дурӯғи маҳз дар бораи муваффақиятҳои шӯравӣ навиштаанд. Дар он давра чи қадар роҳҳои нав сохтанд, чи қадар заминҳои бекорхобидаро корам намуданд. Дар ҳар деҳа, клубҳо спектаклу кинову консертҳо барои мардуми меҳнаткаш дода мешуд. Ба занҳое, ки аз 3 фарзанд зиёд тарбият мекарданд, пул ҷудо ва ҳар сари кӯдак 12 рублӣ медоданд. Занони таваллуд кардаро 8 рӯз дар таваллудхона бе пул нигоҳубин карда, баъд ҷавоб медоданд. Модаре 8 -10 фарзанд медошт, 120 рубл мегирифт ва унвони Қаҳрамон-модараш медоданд, агар бемор мешуд ройгон табобат мекарданд.
Ҳар моҳ ба деҳот ба назди мардум санъаткорон, ҳунарпешагон омада ҳунарнамоӣ намуда, консерт медоданд. 100 рубл медоштӣ тамоми хоки шӯравиро то Прибалтика рафта тамошо мекардӣ. Дар бораи нарху наво ҳоҷати гап нест, ки ҳамагӣ дигар гуфтанд. Вақте мошинат дар роҳ вайрон мешуд, кадомеро мехостӣ, манъ мекардӣ, омада бензинат медоду лозим бошад соатҳо мошинатро таъмир мекард. Русҳо ғуломи мо буданд, на мо! Ман 44 сол бо русҳо кор кардам, инро тасдиқ мекунам.
Хол Воҳидов,
деҳаи Сафобахш,
н.Данғара