Ба пиндорам, нафаре нест дар олами журналистикаи профессионал, ки Ӯро нашносад.
А. Собир!!!
Маҳз А. Собирррр…
Ному насаб, ФИО дигар ҳама доранд, аммо ин танҳо Ӯст, ки ному насабу кунияту тахаллусу номи падарияш дар ҷамъ мешавад-А.Собир…
Шиноси ношинос
Архиве, ки Ӯ дорад, шояд, бе ягон муҳобо, ягон ТВ ва Расонаи давлатӣ надошта бошад. Зеро А.Собир ҳар сабти хешро тӯли 43 соли ахир архив карда, ҳифз намудааст, ки ҳалолаш бод. Зимнан вақте саҳифаи интернетии SABR 2019-ро мекушоед, дар ҳолати шокӣ қарор мегиред. Зеро ӯ, фарзи мисол Шабнамро аз кӯдакияш навор дошту Давлатмандро аз ҷавонияш. 1 сабти маро низ дорад, ки ҳатто худам дида, ҳайрон мондам:
-Ин кай буд???
Ношиноси шинос
Бо А. Собир метавон ба разведка рафт!!! Зеро гуфти Бобои Ғуломи мо «сағерай йурти Кӯлобай» ва ингунаҳо ҳич гоҳ ҳич касро на мефурӯшанд, на хиёнат мекунанд, на «подводит»…
Январи соли 1993. Бо ӯ дар водии Вахш будем. Вахш месӯхт, мепухт, дар мегирифт. Аз ҳар бому дар хун мерехт. Ману Мираҳмади Амиршо ва А. Собир-аз ягона журналистоне шудем, ки миссияи ба оламиён нишон додани ҷанги гражданиро бар дӯш гирифтем. Албатта, дигарон низ гоҳ-гаҳ шояд мерафтанд, вале ана ҳамон шабу рӯз бидуни мо касе нарафт…
Худоё, он чизе мо дидем, ягон журналисти тоҷик дар шаби хобаш дигар набинад. Ба 1 сухан, вилояти Қурғонтеппа он замон айнан Сурияву Фаластину Афғонистони имрӯзаро ба хотир меовард. Ҳамон сенария, ҳамон хунрезиҳо, ҳамон каллабуриҳои исломистон ва ҳамон хонаҳои комилан сӯхтаву рехта ва ғоратшуда…
Хуб, шаб меҳмони хонадоне шудем. Командир будааст. 1 фармондеҳи дигаре аз Фронти Халқӣ, ки аз қамчинаш хун мечакид, бо ман шоҳмот бозид. Бо А.Собирррр мо пирӯз шудем ва…кош намешудем. Мағлуб таппончаашро бароварда, тирангезро кашида (заряжать) дар пешони ман гузошту мехост парронад. Шояд ҷавон будем, ки заррае натарсидем. Чун пистолеташро ҷангиёнаш поин карданд, А.Собиррр бо сарказми зотие, ки дорад, гуфт:
-Сайёф, мегӯй, ҳамин мардак дилу гурдаи паррондан дошт?
Ман низ шӯхӣ кардаву гуфтам:
-На, агар гурда медошт, кайҳо моро мепарронд…
Боевик боз таппончаашро бар пешонаи ман гузошт… Каме андеша кард. Хандид ва гуфт:
-Бачаҳо, маро бубахшед. 1 тандурӣ аз ҳисоби ман!
Он шаб то рӯз тандурӣ задем. Зеро дар кишвар гушнагӣ буду оғили ин боевик пури гӯсфанд ва мо гушна…
Чаро ин қисса ёдам омад? Зеро, фикр дорам, агар А.Собиррр бо ҳамон нотарсие, ки дорад, маро ҳадафи дувумбораи таппончаи он боевик қарор намедод, дақиқан моро он шаб мепарронданд. Чунки ҳақиқати ҳоле, ки мо шоҳид шудаву навор мегирифтем на дархӯрди исломистон буду на аз ҷангиёни Фронти Халқӣ…
Ва ана ҳамин ҷавонмарди шуҷоъ, нотарс, ҳақгӯй, асил, ки бояд ким-кай ҳадафи тир мешуд, 23.07.2021 ба синни 63 расид. Боварнокарданист, вале расид охир!!!
Синни паёмбарӣ муборак, Дӯст, Ҳамқалам, Ҳамалам, Ҳамдиёр, Ҳамватан ва Ҳамкори хеле гиромӣ ва беҳадд ҷасурам. Мо Метавонем!!!
С.Мизроб
Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР
