Набзи кулли довталабон рӯзи 20.07.2021 то соати 24-и шаб сахт дар тапиш аст, ки бозии «Алик-Малик» онҳоро ба куҷо барои донишҷӯ шудан интихоб мекунад...
Дар шумораи гузашта СССР доир ба шарту шароити Маркази миллии тестӣ, имтиёзҳо ва масъалаи ба куҷо сарф шудани 240 сомонӣ, ки ҳар довталаб барои хизматрасонӣ то имтиҳон пардохт мекунад, навишта буд. Имрӯз тасмим гирифтем мавзӯро пайгирӣ намуда, дар бораи оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути ММТ нависем. Мо Метавонем!
103.429 довталаб…
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ рӯзи 1.07.2021 иттилоъ доданд, дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ шумораи номнависшудагон 103429 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикргардида 91504 нафараш довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд.
47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо-қисмҳои «А» ва «Б» дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо 1937 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд. Инчунин, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд.
Қисми «А»: 14 ҳазору 261 довталаб
Тавре ба мухбири СССР аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ хабар доданд, 14 261 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб карда, қисми А-ро месупоранд. Қисми А аз 4 субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҶТ шумораи довталабон дар ҳар 1 синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Ба Довталаб бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист: шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, даъватнома, 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад), ниқоби тиббӣ.
Ручкаву «антисептик» ҳа, ҷузвдон не!
Довталабони мӯҳтарам! Бо худ ҳатман маҳлули зиддиуфунӣ «антисептик» низ бигиред. Эҳтиёт ними ҳаёт! Ҳамчунин овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
Раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ (алик-малик карда наЪмешавад) дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои он тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст. Ёдовар мешавем, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) то 20 июли соли равон, аккурат дар Рӯзи Иди Қурбон, муайян карда мешавад. Кӣ қурбонӣ мегардаду кӣ ҳоҷӣ ин рӯз муайян хоҳад кард.
М.Аминзода, Исматулло Собирӣ,
СССР
Дар ҳамин маврид:
Санҷишҳои фосилавӣ бар зараранд!
Тайи солҳои охир дар соҳаи маориф яке аз мушкилиҳои нигаронкунанда, ки насли наврас ва ҷавонро ба бесаводӣ бурда мерасонад, ин имтиҳонҳои тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки равияи педагогӣ доранд, ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар низоме, ки имтиҳонҳо ва ҳатто санҷишҳои фосилавӣ (рейтингҳо) тавассути компютер гирифта мешавад, мо барои фарзандон ва наберагони худ омӯзгорони гунгро тарбия намуда, ояндаи соҳаи маориф ва ҳатто ояндаи миллатро бо дасти худ ба дасти бод супорида истодаем.
Мувофиқи низоми нави таҳсилот (кредитӣ) донишҷӯ дар 1 нимсола бояд 2 санҷиши фосилавӣ (рейтинг) ва 1 имтиҳон супорад. Дар муассисаҳои таълимӣ имтиҳонҳо-ку як тараф, санҷишҳои фосилавиро низ тавассути компютер кардаанд, ки ин ба коҳишёбии дониш ва беэътибории омӯзгор замина мегузорад. Бо донишҷӯ дар дарс муаллим кор мекунад, танҳо муаллим аз фаъолият ва андешаву дониши донишҷӯ огоҳӣ дорад ва бояд муаллим дониши донишҷӯро арзёбӣ кунад. Имрӯз донишҷӯе, ки барномаи таълимиро аз худ накардааст ва ҳатто дар дарсҳо иштирок намекунад, тавассути компютер рейтинг ва имтиҳонҳои худро супорида, аз курс ба курси дигар гузашта истодааст ва бо ҳамин аҳвол муассисаи таълимиро хатм намуда, диплом мегирад ва сазовори номи бузурги омӯзгор мешавад. Ҳол он ки дар бораи ихтисос ва касби худ тасаввуроте надорад. Мо чӣ кор карда истодаем? Киро фиреб мекунем? Гумон дорем, ки ин амаламон хуб аст, вале боре намеандешем, ки фардо фарзандони моро ҳамин нафарон дарс медиҳанд! Вақте ҷомеаро ба дасти чунин нафарон месупорем, ояндаи миллати бузургамон чӣ мешавад? Оё гуфта метавонем, ки олимону донишмандонро тарбия мекунем ва барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор мешавем? На! Наметавонем! Зеро насли бесавод ҷомеаро фасод мекунад.
То он замоне, ки санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои нимсола ва солонаи донишҷӯёне, ки равияи омӯзгорӣ доранд, шифоҳӣ ва хаттӣ гирифта нашавад, мо гуфта наметавонем, ки ояндасозони ҷомеаро тарбия намудаем.
Зиёвиддин Бӯриев, омӯзгор,
ш.Ҳисор
