Ҳафтаи пор дигаронро насиҳат кардам, ки пеши сардабири СССР худтаърифӣ накунед, ки оҷилан супориш мегиред. Вале боз худам, ки барои матлаби «Подабонӣ» аз устод Умари Шерхон дар «5-минутка» баҳои баланд гирифтам, андаке аз худ рафтаву худамро таъриф кардам, ки аҷаб даравгаре ҳастаму фалону бисмадон га. гандумро дар фулону бисмадон с. медарравам. Гапам дар даҳон, сардабир манъам фармудаву амр кард: Дарав меравӣ!!!
02.07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 17:45 дақиқа. Ба деҳаи Муродбахш расидам. Дар роҳ мушоҳида кардам, қариб тамомии мардум ғалладонаҳоро бо комбайни калон даравидаву коҳу палочро ҷамъ намуда, орому бехавотир аз пайи кори худанд. Заминҳо ҳама хушку холӣ, андарунаш мол чаридан дорад. Аммо дар деҳаи зебоманзари Муродбахши н.Темурмалик ба қавли мардум «сезон» (фасл)-и ғаллаҷамъкунӣ нав шурӯъ шудааст. Чунки боду ҳавои ин ҷо назар ба боду ҳавои дигар макон салқинтар аст. Аз ҳамин сабаб гандуму ҷав дертар мепазанд.
Очаи гандумдаравам
02.07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 17:55 дақиқа. Ба хона расидам. Модарам аллакай худаш танҳо гандумдаравӣ рафтааст. Тоқатам надод. Либосҳоямро иваз карда, ба қавле «либосҳои ҷангӣ» пӯшида, досро гирифта, ба сӯйи замин роҳсипор шудам. Аз хона ба заминӣ гандумдаравиамон 50 дақиқа роҳ аст. Мардум бештар бо хару асп мераванд. Ман бошам пиёда. Чун ба хар модарам савор мешавад. Оре, ками дар кам занҳост, ки мисли модари ман харсаворӣ карда, даравидани 1 гектару 30 сотих замини гандумро ба ӯҳда мегиранд. Вай ҳам метавонад мисли бархе занҳо ба шавҳараш гӯяд, ки хонаро таъмин кун, ман хӯрда хоб кунам. Аммо нааамеееекунад. Чун гандум чошидану онро ҷамъоварӣ намудан ба иқтисодиёти оила фоидаи калон меорад.
1250 кг ғалла!
Тасаввур кун, хонандаи гиромӣ! Аз 1 га замин тақрибан 25 халта гандум бигирӣ. 25Х50кг=1250кг гандум аллакай дар иқтисоди оила ҳаст. 1250кгХ3,5=4375 сомонӣ. 1 кг гандум бо нархи арзон, яъне 3,50 дирам. Ҳоло он ки нархи 1 кг гандум то ба 5 сомонӣ дакка мехӯрад. 25 халта гандум барои 1 оилаи миёна ба 1 сол кифоя аст. Агар гандум аз худат барояд, на шиква мекунӣ, ки 1 халта орд 260 сомонӣ шудааст ва на аз тоҷирон хафа мешавӣ. На дар вақти коронаи шадид, тона-тона орди муҳлаташ гузаштаро гирифта, фишори хунат боло меравад. Ва ҳам албатта кӯмаки бузург аз ҷиҳати иқтисодӣ барои падарам аст. Рӯзе ба модарам гуфтам, ки модар бас кунем гандумчоширо. Коҳро мехарем, гандумро мехарем, чӣ даркор ба худ инқадар азоб додан? Модарам гуфт, писарам намехоҳам дар деҳа истода, хотири гандум ба одамон гардан каҷ кунам. Кам ҳам бошад, бе миннат аст.
Ҳар саҳар мехезаму…
03.07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 05:40 дақиқа. Гуфти сароянда: ҳар саҳар мехезаму дости каҷе пои луч, сӯйи гандум меравам… ман ҳамовоз мешавам: замини ғаждро мебинаму кайфи гандумдаравӣ мееегуууреезад. Имсол акнун ману модарҷонам тани танҳо бояд 1 га 30 сотих гандумро дарав кунем. Чун 2 хоҳарам ёрдамчӣ буду Худо гуфтаанд, ки тез шавҳар карда, аз «сезон» халос шаванд. Ва имсол Худо ба додашон расидаву аз азоби гармии саҳро раҳо намуд. Вақте ки бисёрӣ будем дар 3 ҳафта гандумро даравидаву дарза баста, дар 2 ҷо ҷамъ карда, аз пайи комбайнча мешудем. Ёфтани комбайни хурд ҳам душвор аст, зеро одамони гандуммехӯрондагӣ зиёду чанд рӯз бояд аз пушташ давида, навбат бигирӣ. Имсол ману модарам танҳоем. Худо медонад чанд ҳафта мегузарад, ки мо гандумро даравида, ҷамъ карда, мехӯронем. Зеро ман 1 рӯз дарав карда, дар рӯзи дуюм бояд гандумҳоро ҳатман бубандам. Дар акси ҳол шамоли сахт гандумро чунон тит мекунад, ки дигар аз замин ёфта наметавонӣ. 1 луқма нони ёфтаамон аз ҳисоби ана ҳамин гандуми деҳқонист.
Бо модарам субҳ соати 5 саҳро баромада, соати 6 даравро сар мекунем. Замин ғажд. Алафҳои бегона ба мисли талха, қамич, рапс, ҷантоқ зиёд. То соати 12-и нисфирӯзӣ дар гармии шадид дарав карда, хона меоему соати 4-и бегоҳ боз ба дарав мебароеммм.
Хонандагони азиз! Ман бо супориши редаксия хостам ба саҳми тамомии СССРдӯстодорон бирасонам, ки дар деҳаҳо чӣ тавр ғалладонаро ҷамъоварӣ карда, бо комбайни хурд «хӯронда», ба халта пур карда, онро шуставу хушк намуда, ба осиёб бурда, ба осиёбон чанд кг музд додаву кадом осиёб-сангӣ ё обӣ орди хуб мекунад ва ордро чӣ тавр хамир кардаву нон мепазанд ва монанди инҳо чанд асрори дигарро дар шумораи оянда фош кунам. Бо мо бошед, ки Мо Метавонем!
Душмани ғаллаи маҳаллӣ
Аҳамият додам, ки сол то сол заминҳои кишти ғалларо душманонаш- алафҳои бегона тасарруф карда истодаанд. Масалан «рапс» тақрибан 3 сол қабл ба заминҳо ҳуҷум кард буд. Ҳоло дилхоҳ заминро рапс пӯшондааст. Ӯ намегузорад, ки гандум инкишоф ёбад. Инаш ба хайр, зеро барои гум кардани ин алаф доруе ҳаст, ки аҷалашро медиҳад. Аммо талха-1 алафи дигари зараррасонро ҳеҷ доруе ёфт нашуд, ки хушк кунад. Аҷибаш ин ки чаро ҳар сол сафи номзадҳои илму дотсенту профессор зиёд мешавад, аммо 1 нафар лоақал доруе ихтироъ намекунад, ки 1 алафи бегонаро, аз ҷумла ҳамин решаи талхаро несту нобуд созад? Аз илм ба амал гузаштан лозим. Мо Метавонем!
Зинда бод Хитой!!!
Ҳоло чанд сол шудааст, ки бо асбоби алафдаравии хитоӣ одамон барои зуд аз гармии саҳро халос шудан ва ё ба он хотир, ки каҳи майда зиёд мешавад, бо «доси чиноӣ» ғалла медараванд. Ин барои шахсе, ки моли бисёр дорад хуб аст. Зеро дигар аз ҳар ҷой каҳ намекобад. Аммо алафдаравак хосияти хубу бад низ дорад. Хубаш, зуд даравро ба итмом мерасонӣ, зеро мисли дастдарав гандумро аз алафҳои бегона ҷудо намекунӣ. Пеш омад хуш омад. Заминро тоза карда медаравӣ. Хосияти бадаш ин ки гандумро беҳад ифлос менамояд, ки он тарафаш мушкилии соҳиби гандум...
Гандумхӯронӣ
12. 07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 05:00 дақиқа. Бо ҳашару кӯмаки ёру дӯстон дар 13 рӯз мо гандумро дарав карда, баста, дар 2 ҷо ҷамъ кардем. 500 дарза гандумпая шуд. Имсол ҳам ҳосили гандум хуб аст, чунки боришоти пайдарпайи баҳорӣ таъсири мусбат расонидааст.
12. 07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 19:00 дақиқа. Ман барои «хӯрондани» гандум комбайнчаро оварда истодаам. 5 рафиқам дар саҳро барои кӯмак омода. Бештари одамон шаб «мехӯронанд», чунки шаб гарм несту одамон душворӣ намекашанд. Соати 20:15 дақиқа мо «хӯрондан»-ро сар кардем. Гандумхӯронӣ 4 соат тӯл кашид. Зеро барои комбайнро аз 1 ҷо ба ҷойи дигар бурда рост кардан хеле вақтро мегирад. 20 литр солярка сарф шуда, ҳаққи комбайнчӣ 110 сомонӣ ё аз 1 халта гандум. Имсол 1300 кг гандум гирифтем. Соли пор соҳиби комбайн 100 сомонӣ ҳақ мегирифт, аммо имсол аз сабаби гарон шудани сӯзишворӣ 10 сомонӣ «арзон» кардааст.
Нони очагӣ
13. 07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 12:15 дақиқа. 1 халта гандумро тоза карда, осиёб бурдам. Осиёби сангӣ. Ордаш хуб. Дар 40 дақиқа 50 кг гандумро орд мекунад. Ҳақмузди осиёбон 5 кг гандум ё 20 сомонист. Акнун хамир карда нонпазӣ монд.
13. 07.2021. Соат ба вақти Темурмалик 15:00 дақиқа. Модарам танӯрро тасфонд. Заволаро рост кард. Ба модарам гуфтам, ки биёед нонро ман ба танӯр часпонам. Мақсад дар гармии танӯр чӣ тавр модарон тоқат карда, 5-6 нон мепазанд. Ростӣ, 2 нонро часпондам. Ҳар боре, ки ба дохили танӯр хам шуда, нонро часпонданӣ мешудам, аз гармӣ дастонам сӯхта, нафасам гирифта, қариб андарунаш меафтидам.
Офарин бар Очаҷонҳо, ки чӣ тавр дар ин гармии шадиди танӯр, нон мепазанд, ман ҳайрон. Ба қадри модарон бирасед, дӯстон!
Хотима
13.07.2021. Соат ба вақти Темурамалик 15:37 дақиқа. Ёнбош карда, дастурхонро нигаҳ дорам. Модарам 2 фатири сангакӣ ва «калони хона» табақи шакароб сари даст ҳозир мешаванд. Ҳосили 1 сола заҳмати ман ҳамин аст-Шакарови болаззат. Уммммм, агар дар биҳишт Худо тановули ғизоеро ҳалол мдеонист, он ғизо ҳатман фатиру шакарови Очаҷони ман будӣ.
Ош шавад, Очаҷон.
Ошакат шавад, Исматулло! Метавонӣ!!!
Исматулло Собирӣ,
Душанбе-Темурмалик-Душанбе
Махсус барои СССР
PS: Нақли 1 шӯроободӣ
Ва дар охир мехоҳам қиссаи 1 ғаллакор-фермери шӯрободии дигарро ин ҷо резам. Он дӯст мегуфт:
-Аз тирамоҳ сар мекунам. Кишт, чапар, гандуми тухмӣ…Аз паси зоғу заған ҳақорат карда пеш кардани ин ҷонварони гандумхӯр. Сипас об монӣ, яхоб гузаронӣ. Майса, ки дамид, шабу рӯз подабонӣ, ки бузҳои саркаши пода надароянд. Овозам аз бигру бизан мегирад. Гандум, ки думбул шуд, фалахмон дар даст пешкунии гунҷишкон. Сипас хуша, ки баст, камон сари дасту кателокҳоро бо сим баста, тақар-туқур аз соати 4 субҳ то 22-и шаб, ки паррандагон нахӯранд. Сипас зораву нолаи комбайнчӣ, ки ганумдро даравад. Ана баъдаҳу хирманкӯбӣ, шабҳо дар саҳро рӯи ғарами коҳ хобкунӣ, ки надузданд. Мунтазири шамол нишастанҳо, ки коҳро бод дода, гандум гирӣ. Хулласи калом, 12 моҳ, 365 рӯзу шаб ҷонканиҳо. Ахиран гандумро ба осиёб бурда зориву таваллои осиёббон, ки тезтару хубтар орд кунад. Ва ана баъд ордро ба кампир додаву амр мекунам:
-Занак фатири сангакӣ паз, то шакаров занем!!!
…Ғанаб меравам, ки бӯи нони гарм маро аз хоби ноз мехезонад. Мехезаму рӯи дастурхон 2-3 фатири каҷаллаи нимсӯхтаро мебинаму мехоҳам фатирро чорқатъ карда, ба...пешонаи занак занам...
