Зи майдон чу рафт Шеру Паланг,
Бимонад майдон ба рӯбоҳи ланг…
12.07.2021. Пас аз фавти Шералӣ Абдулқайсов бо ҳар 2 маъно метавон аз ин байт ёд кард. Аввал ин ки Ӯ воқеан ҳам Шери саҳна буд!!! Ва 2 ин ки роли Ланг, Темури чағатойиро хеле хуб мебозид…
Ҳар нафаре акои Шерро мешинохт, медонист, ки аслан ӯ 1 андар 2 нафар аст. Нафари аввал, Шери аслӣ, Одам, Инсон, файласуф, сухандон, нуктапазир, хеле бофарҳангу бо маданият.
Шери 2... Хунхор, Ҷангара, Гизала, Қотил, Одамкуш, Девона, Гунг, Даҳшатафган...вале ҳама дар саҳнаи театр.
Одаме дигар...
Шералӣ Абдулқайсов вақте нақш меофарид, ба вежа ролҳои манфиро, онгуна ба он ворид мешуд, ки ба таҳқиқ бинанда он қотил, одамкуш, хунхорро... дӯст медошт. Нақшҳои манфии Шералӣ ҳамеша ролҳои мусбиро пахш мекард.
Барои мисол, ӯ Темури Ланги хунхорро чунон офаридааст, ки бинанда аз гиру дору бидеҳу бизану хулосарониҳои фалсафии ин хунхор, кайф мекарду аҳсанту офарин мефиристонид. Шояд ин танҳо Шери Саҳна буд, ки Тоҷики 1 умр бадбину бадхоҳи Лангро маҷбур мекард, сӯи ин чеҳраи ҳарософар, ки аз каллаи бобоҳош манора карда буд, аҳсанту офарин фиристад.
Дар спектакли “Нангбардори Хуҷанд”, нақши Чағатойи Чингизро, ки тоҷиконро дашном медод, ончунон хуб офарид, ки Темурмаликро дуввумдараҷа сохт...
Ва гумон аст, дигар нафаре чун Шералӣ Абдулқайсов ба чунин муваффақият даст ёбад.
Файласуф
Воқеан философ буд. Сӯҳбатҳояш намакин буданд, абрӯпарониҳош, лабҷунбонӣ, табассум ва ҳатто ғазабаш зебандаи худаш буданду бас. Мегуфт:
"Шикамро низ маърифат, фарҳанг, илму дониш пур мекунад. Банда фалсафаи қашшоқиро дар қашшоқии фалсафа мебинам. Одам аз лиҳози маънавиёт ҳар қадар ғофил бимонад, ҳамон андоза ба нестиву марг мубтало мегардад."
Ҳайрон мешуд, чу мегуфтандаш билети театр гарон аст. Мегуфт:
-Ба 30 сомонӣ шикамҳоятонро пур мекунеду барои 3 сомонӣ ғизои маънавӣ билетро гарон мегӯед???
Рӯшоние, ки Тоҷикистонӣ шуд!!!
15.04.1951 дар сарзамини фарҳангхези Рӯшони Бадахшон ба дунё омада, соли 1973 Донишкадаи омӯзгории Душанберо дар бахши ҳунар ва санъат хатм карда, умре дар театри Лоҳутӣ кор кард. То лаҳзаи ахирин нафас бо миллати тоҷик ва саҳнаи бузургтарини ӯ содиқ монд. Дар тӯли 48 сол, беш аз 20 нақши калидӣ офарид, амсоли намоишномаҳои “Эдип”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Алломаи Адҳам”, “Ревизор”, “Лавҳаи инқилобӣ”, “Отелло”, “Кабки қафас”, филмҳои ҳунарии “Марди роҳ”, “Субҳи ҷавонии ман”, “Падари маҳтобӣ”, “Мусофир” ва садҳои дигар.
Ҳама нақшҳояш супер буданд. Зеро Шералӣ Абдулқайсовро ҳатто аз нақшҳои 2,3,4 дараҷа низ метавонистӣ бишносӣ ва бар ҳунараш каф занӣ.
Алвидоъ Маэстро! Ба таҳқиқ бо ҳунармандони аршади театру синамои Тоҷик, дар Биҳишти Ҷовидон маъво мегирӣ. Ва мо оламиёни одӣ, рӯзе не рӯзе, баъди шустанҳои гуноҳ дар имтиҳонгоҳҳои Худои Таъоло, ба спектакли навбатият дар Ҷаннат ҳатман билет хоҳем харид. Мо Метавонем!
М.Мубориз
Махсус барои СССР
