Принт

Пиёдагард ҳам ҷарима шавад!

 

Шоҳрухи Баҳодур, сокини ш.Бохтар (тел:111 16 66 67) ба редаксияи газета дар вилояти Хатлон занг зада, нисбати баъзе садамаҳое, ки бо сабаби пиёдагардон рух медиҳанд, ибрози назар кард. 

 - Сол аз сол теъдоди садамаҳо бо сабаби пиёдагардон зиёд мешавад, вале бештар ронандаҳоро гунаҳкор медонанду ҷаримабандӣ мекунанд. Дар маркази ш.Бохтар, дар назди бозори марказии «Фаровон» бо заҳмати зиёд гузаргоҳи зеризаминӣ сохтанд, то мардум аз он истифода кунанд. Муттаассифона, пиёдагардон аз он кам истифода карда, роҳи мошингардро беист мегузаранд. Бо назардошти ин ман 2 пешниҳод ба роҳбарияти БДА-и мамлакат дорам: бигузор пиёдагардоне, ки роҳро дар ҷойи мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дигар ин, ки микроавтобусҳое, ки дар ҳудуди шаҳр ба мусофиркашонӣ машғуланд, танҳо дар истгоҳҳои махсус таваққуф карда, мусофир фароранд. Ҳангоми риоя нашудани ин тартибот ронандаҳо ва роҳбарияти ширкатҳои нақлиётиро ҷарима кунанд. 

 

Матлабҳои дигар