Принт

Дар бораи Воруху Исфара нанависед!

 

NN (номашонро амдан зикр накарданд!), сокини Ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфара ба идора занг зада (тел: 98 575 95 26) аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки то релефи ҷуғрофии Исфараро наомӯзанд, дар бораи проблемаҳои сарҳадӣ нанависанд.

   - Бубинед, имрӯз навиштану гуфтани муноқишаҳои марзӣ мӯд шудааст, вале ҳеҷ нафар дар бораи релефи ҷуғрофии ин минтақа намегӯяду наменависад ва ҳатто маълумот надорад. То соли 1950 на Бодканд буду, на Оқсой, қирғизҳо молчаронӣ карда, оҳиста-оҳиста юртаро хона, хонаро кӯча, кӯчаро маҳалла ва маҳалларо ноҳия карданд ва ин муттассифона дар харитаи нави ш.Исфара баръало нишон дода шудааст. Харитаи нав хатост ва он бояд аз сари нав бо назардошти релефи ҷуғрофии маҳал чен ва кашида шавад. Барои ҳамин журналистҳо, аз он ҷумла журналистҳои газетаи СССР, то маҳалро наомӯзед, дар бораи муноқишаҳои марзӣ нанависед!

   Аз идора: Хонандаи гиромӣ! Барои омӯхтани релефи ҷуғрофии минтақа албатта кӯмаки шумо, кӯҳансолони ин деҳа низ ба мо лозим аст, вале чӣ бояд карду чӣ гуна матлаб навишт, вақте шумо зимни занги телефонӣ ҳатто номи воқеии худро намегӯед!? Тарсидед? СССР тарсу нест ва то мо ҳастем мо бо Ворух ва Исфараем ва бо қирғизу пирғизу миссионерҳои қирғиз, ки дар «ҷомаи Ворухиён» даҳони моро бастаниянд, Ме-на-Ви-Сем. Мо метавонем!

Матлабҳои дигар