Барои таблиғу ташвиқи ваксинатсияи умумимиллӣ, ки дар сартосари олам мераваду дар Тоҷикистон мардум аз он андеша дорад, СССР, чун газетаи мардумӣ, тасмим гирифт, аввал ваксинаҳои роиҷро дар бадани худ санҷида, баъдан пешкаши хонандагон гардонад. Ва медонед чаро? Оре, аккурат, Мо Метавонем!!!
21.06.2021. Соат ба вақти СССР 09:12 дақиқа. Ҳамааш аз он сар шуд, ки Омирона Достиева, корманди ҷавони мо омадаву гуфт, худро ноҳинҷор ҳис мекунад.
- Сарам дард мекунад, беҳол шудаам, роҳгардӣ мушкил-афзуд ӯ.
Идибеку СМ гуфтанд, шояд аз гармӣ бошад, вале Ҷамилабону, ки коронавирусро аз сар гузаронидааст, таъкид дошт, «ин нишонаҳои коронавирус аст» ва ба нигоҳи моҷароҷӯёнаи мардони редаксия посух гуфт:
- Аломатҳои маризии занона дигаранду аз мардон дигар. Ман низ худро чунин ҳис мекардам!
Баҳс накардем, ва сардабир гӯширо вардошта, ҷое занг заду сипас ба Омирона амр кард:
- Маркази Беҳдоштӣ (СЭС) рав. Доктор Абдухалил ва Абдуваҳҳоб Шуморо интизор. Ташхис мекунанд.
21.06.2021. Соат ба вақти СЭС 15:37 дақиқа. Доктор Абдуваҳҳоб занг задаву гуфт, «мутаассуф аз 3 талабот 2 қисматаш дуруст баромад, яъне кормандатон мариз шудааст», вале-афзуд ӯ-шом боз коркард мекунем ва то субҳ дақиқан мегӯям, ки ӯ коронавирус аст ё на?
22.06.2021. Соат ба вақти СССР 08:00 дақиқа. Ҳама шабро дар интизории ин гудок ба сар кардем. Гуд-гуд-гуд, ало, СССР? Кормандатон касал аст, мутаассуф…
Худи ҳамон рӯз бо амри Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода (вазир тамомии маризонро шахсан зери назар гирифтааст!), Хуршед Ҳабибзода, сардухтури беморхонаи инфексионӣ ва табиби ҳозиқу сарсупурдаи касб ва ҷасуру нотарс, ки 2 сол шуд миёни ин бало кор мебарад, дари хонаи Омиронаро кӯфтанд:
-Ташхисро диданд, доруву ҳабб оварданд, табобат шуруъ шуд!
Ба бадгӯёну бадхоҳон мерасонем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ба тамомии маризони Covid-19 ройгон дорувор медиҳанд…
Худоро шукр, вазъи маризи редаксия муътадил аст. Табобаташ давом дорад. Ҳамин соате, ки хонанда ин сутурро мехонад, мо аз касалхабаргирӣ омадем. Хуршед Ҳабибзода, ки бори дигар меҳмони хонаи Омирона шуда буд, рапорт дод, ки «тибқи реҷаи табобат бемор беҳтар шудааст, вале фурсат ва истироҳат лозим!».
Вале сӯҳбати мо сари дигар чист: Ваксина гирем ё на? Ва паёмади он ваксина чист? Онгуна ки моро метарсонанд, ваксинаҳо хатарзоянд ва ғ. ва ҳ.? Бо мо бошед, хонанда, то посухи ин суолотро ёбӣ!
Ба пеш! Ба ваксинатсия!!!
23.06.2021. Соат ба вақти СССР 09:00 дақиқа. Маҷлиси баҳси шумораи навбатӣ-пятиминутка аз он шуруъ шуд, ки сардабир пешниҳод намуд, «Биёед бачаҳо эмгузаронӣ кунем». Сухан ин ҷост, ки дар СССР ҳама кор бо роҳи овоздиҳӣ ва ихтиёрӣ ҳал мешавад. Сари ваксинатсия баҳси тунде хест. Идибеку Исматулло ва акои Умари Шерхон аслан намехостанд ваксина гиранд. Вале СМ гӯширо вардоштаву ба чанд мутахассиси соҳа занг зада, дар бораи ваксинатсия суолу ҷавоб кард. ҲАМА табибон гуфтанд, ки ҲАТМАН эм кунед ва масъала ҳал шуд.
Дар овоздиҳӣ ҳам бо 1 овоз тарафдори ваксинатсия шуданд.
Русӣ, хитоӣ, ҳиндӣ, аврупоӣ???
24.06.2021. Соат ба вақти СССР 09:00 дақиқа. Ин бор баҳс сари навъи ваксина рафт. Маълум шуд, дар Тоҷикистон 2 навъи ваксина будааст, яке авру-осиёӣ-АстраЗенека (AstraZeneca ) ва дигар хитоӣ-КоронаВак (CoronaVak-SineVak).
Зимнан маълум шуд, ки ҳабби урусии СпутникV низ дар Тоҷикистон будааст. Аммо хеле кам. Овозаҳо мегуфтанд, бархе аз пулдорон Спутники русиро бар ивази 80-100 доллар аз кормандони сафорати ФР дар ҶТ «мезадаанд». Вақти тафтиши ин овоза набуд, албатта. Ва мо низ ҳайрон, ки кадом навъи ваксинаро гирем.
Ин бор низ Ҷамила ба додамон расиду гуфт:
-Пешниҳод дорам, бархе КоронаВаки чиноӣ гираду зумрае АстраЗенекаи евро-ҳиндӣ. Ку бинем, кадомаш чигуна таъсиргузор аст!
Пешниҳод қабул шуд. Зеро пешниҳоди олӣ низ буд.
Зимнан мо тасмим гирифтем, чанд ҳамтои худро аз дигар хабаргузориҳо низ барои эмгузаронӣ барем. Боз дар ҳолате, ки 2 тан аз хабарнигоронамон «отказ» карданд.
Дармонгоҳи №15
24.06.2021. Соат ба вақти СССР 09:33 дақиқа. Бо дастгирии иттилоотии Вазири тандурустӣ мо ба ин дармонгоҳ барои ваксинагузаронӣ омадем. Зеро дар ин поликлинника Ҷамила Ҳусейнова номнавис асту онро чунон таърифу тавсиф кард, ки фикр кардем дар дунё танҳо 1 дармонгоҳ асту бас. Ва воқеан ҳам Дармонгоҳи №15 бад набудааст. Ҳарчанд дар дами дар, дар аввал бетартибиву шӯру мағал ҳукм меронд. Аммо ин айби табибон набуд. Мардуми мо ҳамеша «саросемаанд»-ку?
СМ, Ҷамила, Идибек, Далер Мерганов аз «Садои мардум», Абдураҳмон Раҳмонов аз «Авеста», Лидия Исамова аз РИА Новости ва дар ҷамъ 8 нафар мо барои ваксинатсия саф задем…
Хушдор: Барои ваксинагузаронӣ бояд 1 руз пеш номнавис шавед, то вақтатон беҳуда нагузарад. Соатҳои 11-12 агар равед, КАСЕ нест. Мардуми мо ажиотажро дар субҳ дӯст медоранд-ку?! Фишоратонро санҷида дар 1 дақиқа эм мегузаронанд. А, қариб фаромӯш шуд, боз Сертификат низ менависанд. Зимнан Паспорт ҳатмист!!! Касал нашавед!
Эм-1
24.06.2021. Соат бо вақти Дармонгоҳ 10:15 дақиқа. Дар назди утоқи эмгузаронӣ навбат гирифтем. 2 хоҳари шафқат-медсестра дар назди дари ин утоқ нишаста, яке номнавис мекарду дигаре фишор ва ҳарорати баданро месанҷид. Барои тартиб гуфтанд:
- Бигузор аввал онҳое дароянд, ки мехоҳанд бо СинеВаки хитоӣ эм карда шаванд (КоронаВак ва СинеВак ҳарду як номи ваксинаи чиноист). Ҷамила, Лидия ва Абдураҳмон пеш гузаштанд. Бояд гуфт, ки ин 3 нафар яке аз аввалинҳо шуда, ваксинаи КоронаВакро, ки ҳанӯз пайомадҳои пас аз эм номаълуманду омӯхта нашудаанд, дар Тоҷикистон таҷриба карданд ва маълум аст, ки пеш аз сӯзан задан каме ҳаяҷон низ доштанд. Шӯхӣ-мӣ? Гагарину Терешковаҳои вирус буданд!!!
Ҳатто Ҷамила, ки ин қадар нотарсу далер аст, худро каме гум карда, ба СМ гуфт: «Агар бо ман чизе шавад, тақдири Ромини ман дар дасти шумост!». Гуфтемаш, ки «Ганда мурданӣ надорад!» ва ин албатта шӯхӣ буд…
Эм-2
24.06.2021. Соат бо вақти Дармонгоҳ 10:30 дақиқа. Акнун навбати онҳое, расид, ки ваксинаи АстраЗенекаро интихоб карда буданд. Хоҳари шафқате, ки эм мегузаронид, шишаи ваксинаро дар назди ҳар яки мо кушода, дохилашро нишон медод. Тарсу ҳаяҷон дигар набуд, баръакс бо хандаву шӯхӣ ва ҳатто латифагӯӣ эм мегузаронидему ҳатто бархе дарди сӯзанро эҳсос накардем, ба ҷуз Идибек, ки бо ҳамаи он тану тӯшаш аз сӯзан хелеее метарсидааст!
Муҳорибаи тан ба тан!
24.06.2021. Соат бо вақти Дармонгоҳ 10:45 дақиқа. Хоҳари шафқат гуфт, ки пас аз ваксина бояд то 20 дақиқа нишаста, аз ҷой нахезем, бисёр ҳаракат накунем ва мо ҳам ҳамин корро кардем.
- Дилбеҳузурӣ, беқувватӣ, таби баланд ва беҳолӣ пайдо мешавад, аммо натарсед, ин аломатҳои он аст, ки ваксина таъсир расонида истодааст. Ҷойи эм 3 рӯз дард мекунад, бояд ҳам ҳамин тавр бошад, ваксина ин худаш вирус аст ва бояд организми шумо бо он мубориза бурда, пасон қабул кунад, ин протсеси табиӣ аст, гуфт ӯ ва афзуд-қариб фаромӯш кунам, 3 рӯз дасти чапатонро ба об нарасонед! Тавонед 3 рӯз аслан оббозӣ накунед!!!
Яке аз аввлинҳо шуда, Лидия Саидовна аз беҳолӣ ва бемадорӣ шикоят кард. Инро дида, хоҳари шафқат дарҳол бароямон оби ҷӯшомадагӣ оварда, таъкид кард, ки дар чанд рӯзи оянда ҳарчӣ қадар метавонем бештар об нӯшем. Ба суоли аз ҳаво афтодаи «пиво чӣ?», духтур тавре песонд, ки ҷавобашро суолте ёфту мо суолгузорро на…
Пас аз эм ба ҳар яки мо Гувоҳнома (Сертификат) дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти Covid-19 дода, таъкид карданд, ки барои гирифтани ваксинаи 2-юм бояд расо пас аз 40 рӯз биёем.
Доктор Толибҷон ва тавсияҳои ӯ
24.06.2021. Соат бо вақти Дармонгоҳ 11:00 дақиқа. Доктор Толибҷон Алиев, мудири шуъбаи тибби оилавии дармонгоҳ барои мо чанд тавсия дод, ки хеле муфид буд. Доктор гуфт, аз пайомадҳои эм ҳеҷ гоҳ тарсидан лозим нест, баръакс онҳо бозгӯи онанд, ки организм барои ҷанг бо вирус тайёр шуда истодааст.
- 3 рӯзи оянда бо оби хунук оббозӣ накунед, аз шиноварӣ, варзиш ва ҳаракатҳои вазнини ҷисмонӣ даст кашеду бо ин ба кори дил фишор наоред. Пас аз гирифтани ваксина ба хона рафта, истироҳат кунед, зери офтоби сӯзон нагардед, бештар об нӯшед, вале нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст!, - таъкид дошт доктор.
Идибеки мо, ки ният дошт пас аз эмгузаронӣ барои оромиш қадаҳе бардошта, ин амали некашро «шӯяд», ба гӯшҳояш бовар накарда, 2 маротибаи дигар пурсид, ки «50-та, 50-та мумкин нест, ақаллан!?». Вақте доктор ба такрор гуфт, ки қатъиян манъ аст, ба қавле танро ба тақдир супорид!
Овоза ва воқеият
24.06.2021. Соат бо вақти Дармонгоҳ 11:10 дақиқа. Доктор Толибҷон Алиев чун дид, ки мо ҳама журналистем, гуфт мехоҳад ба воситаи мо ба мардум фаҳмонад, ки эмгузаронӣ ба фоидаи худи одамон буда, дар вазъи имрӯза хеле зарур ва муҳим аст.
- Шумо ҳама журналистон ва аҳли қаламед, лутфан ба мардум расонед, ки аз эмгузаронӣ фирор ва ба ҳар гуна овозаву наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш нафаре дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навореро гузошта, дар бораи вазъи саломатии модараш пас аз 6 соати эмгузаронӣ гуфта, мардумро ба таҳлука овард. Рафтем, дидем, санҷидем. Модари ӯ ба ҷойи он, ки пас аз гирифтани ваксина истироҳат намояд, дар ҳавои гарм ба тӯйе ба н.Рӯдакӣ рафтааст. Албатта, вазъи саломатиаш бад мешавад! Шаҳрвандон пас аз эмгузаронӣ ба қоидаҳои лозима риоят намекунанду духтуронро гунаҳгор месозанд, - афзуд доктор Толибҷон.
Мо ба доктор ва кулли ҳамкоронаш арзи сипос намуда, аз дармонгоҳ баромадем. Дохили дармонгоҳ дар ин вақт аллакай беодам шуда буд, аммо дар берун дидем, ки мардуми зиёд барои ваксиназанӣ навбат гирифтаанд. Тавре доктор Толибҷон Алиев қаблан зикр карда буд, рӯзе то 400-500 нафар барои эмгузаронӣ меоянд ва ин хеле хуб аст!
КоронаВак-«SinoVaс»
Акнун паёмад ё худ симптомҳои ваксинаҳоро пеши хонанда мекорем, то худ интихоб намояд, ки бояд кадом намуди эмро гузаронад:
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 12:15 дақиқа. Оҳиста-оҳиста даст ба дард медарояду хоб зер мекунад, бадан гарм мешавад, аммо ҳанӯз беҳолӣ нест.
Соат бо вақти Душанбе 14:20 дақиқа. Дилбеҳузурӣ пайдо шуда даҳон хушк мешавад.
Соат бо вақти Душанбе 18:15 дақиқа. Беҳоливу бемадорӣ пайдо шуда, дасте, ки сӯзан заданд, дубора ба дард медарояд.
Соат бо вақти Душанбе 23:37 дақиқа. Бемадорӣ рафъ гашта, зонуҳои ба қавле намакҷамъшуда ба дард медароянд ва то саҳар кам-кам дард мекунанд. Ваксина ҳам мисли бемории ковид дар организм гашта, маҳз ҳамон ҷойи дарднокро кофта, онҷо маскан мегирифтааст….
25.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 09:29 дақиқа. Беҳоливу бемадорӣ ҳаст, вале чун пешгӯӣ, ки шаби аввал ҳатман ҳарорат баланд мешавад, ин тавр нашуд. Дар 3 рӯзи пас аз эм ҳарорат боре ҳам боло нарафт, фақат каме беҳоливу бемадорӣ ва дарди даст-ҷойи сӯзан буду халос!
26.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 11:32 дақиқа. Каме даст дард мекунаду халос!
27.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Дарди даст ҳам рафт! Таммом! КоронаВак ба организм қабул шуд! Хуш омадӣ, КоронаВак!
АстроЗенека
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 12:15 дақиқа. Беҳолӣ, пакарӣ, дақиқан шояд аз тарсе бошад, ки атрофи ваксина хонда бошем ва ё дар ҳақиқат чунин аст?
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 13:15 дақиқа. Шаби хуш, аниқтараш хоби хуш азизон. Онгуна лакоту монда шудаем, ки мехоҳӣ ҳама чиро фурӯхтаву ним соат хоб харӣ! Иҷозат, ки ҳаст, мезанем хоба!!!
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 18:15 дақиқа. Чизе, ҷуз дарди ҷои укол ҳис намекунем. Ба ҳар ҳол ноҳинҷорем.
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 20:03 дақиқа. Ҳарорати бадан баланд мешавад. Иштиҳо гуфти бародарони ӯзбек “йуқ!”, вале тибқи дастури додаи табибон бо зӯр хӯрок мехӯрем.
24.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 24:15 дақиқа. Чемпионати Аврупо оид ба футбол буд, чӣ буд??? Калла гиҷ, хотира парешон ва хоб бар дидаҳо гарон меояд. Беҳол рӯи кат меғалтем...
25.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 07:15 дақиқа. Наҳор мехӯрем. Ба зӯр!!! 1 бало карда. Зеро тарс дорем, ки касал нашавем.
25.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Гурӯҳи АстроЗенека ва КоронаВак ҳам дар ҷои кор. Ҳама мунтазир, ки бо дигарон чӣ мешавад?
26.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 09:15 дақиқа. Шанбе, вале ба кор меоем. Хушбахтона ҳама бо хубӣ ваксинаро паси сар карда! Ураааа рафиқон! Вале дасти чап ҳамоно каме дард мекунад.
28.06.2021. Соат бо вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Ҳама ахиран хуш қабул кардаву оббозӣ кардаву худро роҳат ҳис мекунем. «Хитоиҳо» мегӯянд дасташон дард намекунад, вале дасти «ҳиндӣ-аврупоиҳо» то ҳанӯз камакак дард дорад.
Мо кардем! Шумо низ кунед!!!
28.06.2021. Соат ба вақти СССР 11:43 дақиқа. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз дақиқан собит шуда, ки то 80% аҳолии Кӯраи Замин ваксина нагирад, ин мараз дигар гум намешавад. Гирем ҳам гум намешавад, вале таъсираш коҳиш меёбад ва чун Гриппи “Испанка”, “Птичий”, “Свинка” ва Эбола ё худ зукоми уштур одамкуш намешавад.
Ба хабару овозаҳои интернетӣ, ки гӯиё тавассути ваксина ба бадани мо “жучок” мегузаронанд, низ бовар накунед. 10 млрд жучок аз куҷо меёбанд ва муҳимтар аз ин, дар оби инексия жучок-пучок намешавад!!!
Ба ҳама бардамӣ ва сиҳҳатмандӣ хоҳонем. Мо махсус ваксина гирифтем, то хонандаи мо баъди мо рафта гирад. Зеро агар ин ваксинаҳо зараре медошт, ба мо таъсир мекард. Мо барои хонандаи худ саломати худро сипар кардем. Мо Метавонем!
Дар ҳамин маврид:
Сабзинаҳо аз ваксинатсия натарсед!!!
Роҷеъ ба ваксина ва таъсироти баъдии он навишта, наметавон қайд накард, ки хушбахтона барои сиёҳҷурдаҳо ва мутаассуф барои сафедпӯстон, САБЗИНАҲО аслан ваксинаро ҳис намекардаанд.
Далели мо, Шахси Таҷрубавӣ-Идибек Маҳмудҷонов-масъули сайти www.cccp.tj аст. Идибек, ҳамон рӯзи аввали ваксинагирӣ андаке худро нороҳат ҳис кардаву иҷозат гирифта, 1-2 соат дар дафтари кор хобид (ҳоло миш-мишҳост, ки ӯ редаксияро фиреб додаву просто хоб кардан мехост!).
Вале дар дигар рӯзу шабҳо Идибек аслан нороҳатие, ки кормандон-Шахсиятҳои Таҷрубавии «сафедпӯст» эҳсос карданд, ҳис намекард. Ҳатто вақте дасти мо дард дошт (ҷои ваксина дардманд мешаваду духтурон тавсия доданд, он дастро на ба об расонеду на ҳаракат кунед!!!), ӯ намоишкорона ҳамон дасташро алвонҷ дода, рақс мерафт (баъди ваксинатсия мо низ бо ӯ мерақсем, Худо хоҳад).
Хулласи калом, ранги пӯст ва он ҳам гандумгун ва ё сияҳ, бори дигар собит намуд, ки аз ранги сафеду зарду сурх бартарӣ доштааст. Касе мисоли зинда мехоҳад, омада бо Идибек чақ-чақ кунад.
Пас сабзинаҳо метавонанд бе ягон дудилагиву тарс аз паёмади ваксинатсия эмгузаронӣ кунанд.
Мо Метавонем!
СССР
