Масъулин хафа нашаванд, вале имтиҳоноти мо замони ахир ба ҳамон бозии «Алики-Малик» шабеҳ шудан дорад. Фарзи мисол, 1 донишҷӯ аз 1 кластер 12 ихтисос интихоб мекунад. Холҳояш ба кадом ихтисос мувофиқа кард , ҳамон ҷо мегузарад. Сари ана ҳамин гузариш овозаҳо бисёр шудааст…
ММТ: оғози имтиҳонҳо, нархи хизматрасонӣ ва шартномаҳои дандоншикан
Маркази миллии тестии кишвар рӯзи 23.06.2021 эълон намуд, ки аз 1 то 7 июли соли равон даври асосии имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ, имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат баргузор мегардад. Яъне довталабон метавонанд дар рӯзҳои зикршуда ба марказҳои имтиҳонсупорӣ рафта, гуфти ҷавонон «бахти худро бисанҷанд». Чун замони қабл нест, ки бо «ширинкома» донишҷӯ шаванд, замони ММТ, замони саводнокист, ки агар 11 сол дарсҳоро хонда бошӣ (?!), пас мутмаин бош, ки бо 240 сомонӣ донишҷӯйи дилхоҳ Донишгоҳ мешавӣ!
Ҳоло, ки имтиҳонҳо сар нашудаанд, мо тасмим гирифтем шарту шароити Маркази миллии тестӣ, имтиёзҳо ва масъалаи ба куҷо сарф шудани 240 сомониеро, ки ҳар 1 довталаб барои хизматрасонӣ то имтиҳон пардохт мекунад, пайгирӣ намоем.
Кӣ аз пардохт озод аст?
Ногуфта намонад, ки ММТ сабукиҳо барои баъзе аз довталабон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳоро муайян кардааст, ба мисли:
1.шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ пурра озоданд;
2.шахсони зерин аз пардохти 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ озод аст.
240 сомонӣ барои чист?
Аммо 240 сомоние, ки довталабон бо шавқу ҳавас барои донишҷӯ шудан месупоранд, барои хизматрасонии ММТ аст. Хотиррасон бояд кард, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ арзиши хизматрасонӣ барои 1 довталабро вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар кардааст:
- 240 сомонӣ-барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11 ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;
- 180 сомонӣ-барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум);
- 25 сомонӣ-барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 ум то 30 юми июн) номнавис карда мешаванд).
Шартномаҳои дандоншикан
1 масъалаи дигаре, ки дар арафаи маъракаи дохилшавӣ падару модарони донишҷӯёни ояндаро нигарон кардааст, ин нархи дандоншикани макотиби олии кишвар ва литсею коллеҷҳо мебошанд. Шартномаҳои коллеҷҳои хусусию литсейҳо ҳам дар баробари донишкадаву донишгоҳҳо миёншикананд. Ҳамин бетанзимии шартномаҳост, ки баъзе донишҷӯён аз сабаби гаронии шартнома, баъди 1 ё 2 соли таҳсил дар макотиби олию коллеҷҳо, дарсро партофта боз муҳоҷиратро интихоб мекунанд. Магар гаронии шартномаҳо ин дилсардкунии донишҷӯён нисбат ба таҳсил нест?
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки кӣ ва кадом мақомот метавонад шартномаҳои миёншикани коллеҷу донишгоҳҳоро ба танзим дарорад, то ин ки донишҷӯён бо супорида тавонистани шартномаи 4 сола, таҳсилашонро идома диҳанд?
Масалан дар Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои хатмкардагони синфҳои 11-ум), ки дар сомонаи ММТ нашр шудааст, омадааст, ки дар Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум «Табиӣ ва Техникӣ», ин ҳам бошад Коллеҷи омӯзгории н.Рашт, ихтисоси «Технология» (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) шартнома аз 600 сомонӣ сар шуда, то ба 5000 сомонӣ дакка мехӯрад.
Ба ҳамин монанд дар Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм - «Иқтисод ва География» бо рамзи 2020402 шартнома аз 700 сомонӣ то 4000 сомониро ташкил менамояд. Тасаввур кун хонанда, агар дар водии Ғарм, ки табиатан ба омӯзгорӣ шавқу ҳавасашон аз даврони советӣ камтар буду аз донишкадаҳои педагогӣ ба таври ихтиёран-маҷбурӣ хатмкунандагонро ба мактабҳо ба кор мефиристоданд, нарх 5000 сомонӣ бошад, пас ин нарху наво дар дигар вилоятҳо, ба вежа донишгоҳҳои пойтахт чигуна аст? Мо пайгири мавзӯ ҳастем. Шумо ҳам ба мо нависед. Мо Метавонем!
Исматулло Собирӣ, СССР
Дар ҳамин маврид: Овоза ё ҳақиқат?
Имрӯз дар миёни мардум овозаҳост, ки бархе аз масъулин ба ин ё он донишгоҳу коллеҷу донишкада, «ба муносибати қаблӣ бо ректорҳояшон» нигоҳ карда, донишҷӯ медодаанд. Нафаҳмидед? Овозаҳо мегӯянд, фарзи мисол Донишгоҳи Н. агар рафтори хуб кард, пас теъдоди бузурги довталабон ба ҳамун Донишгоҳи N. на Донишгоҳи M. равона карда мешаванд. Довталаб-ку, ба чандин факултету донишгоҳ ҳуҷҷат месупорад. Ва агар бигирем, 1 донишҷӯ 5000 сомонӣ тибқи шартнома маблағ супорад, пас дар сурати норасоии 100 донишҷӯ Донишгоҳи М. ним миллион сомонӣ зарар мебинаду баракс Донишгоҳи N. ҳамин миқдор пул бурд мекунад…
Хотиррас мешавем, ин танҳо овозаест аз ҳақиқат фарсахҳо дур, вале мо пайгири ин овоза низ ҳастем. Мо Метавонем!
