ХАБАРИ ДОҒ

Вахтанг Кикабидзе, маъруфтар бо исми гӯшнавози Мимино, аз филми ҳамном, ки замоне бо Фрунзек Мкртчян беҳтарин мазҳакагари шӯравӣ писандида мешуд, ба Киев рафт, то аз Вл. Зеленский талаби озодии Мишка Саакашвилӣ кунад.

Вахтанг баъди ғасби Осетияи Шимолӣ, дар таърихи 08.08.08 аз унвони олии артисти халқии СССР ва ҳунарманди шоистаи Россия даст кашида, гуфта буд, ки «намехоҳад узви ягон ниҳоди давлати ғосиб-захватчик буда бошад!». Ба ӯ дар Гурҷистон каф куфтанд, дар Россия намоиши филми дилпазирашро манъ карданд ва артист ба дунёи фаромӯшӣ рафт!

Ва инак боз аз худ дарак дод. Воқеан ҳам хеле дарднок аст, вақте артистон, ҳанармандон, комикҳо, масхарабозон сари қудрат меоянд ва ё худро бо сиёсат полуда месозанд. Дар Тоҷикистон низ замоне чунин артистон-сиёсатмадорон пайдо шудаву ҳарчӣ, ки зуд ба худ омаданд ва аз сиёсат канор рафтанд. Ёдатон бошад, дар майдони Шаҳидон Одина Ҳошиму Зафар Нозимро медидему Ортиқи Қодиру Сабзалии раҳматиро… Дар Озодӣ бошад, Ҷӯрабек Муродовро исломистон гӯл зада, 1 бор ба минбар бароварданд ва сухани ин нобиға «1 бор мард шавед!» то ҳанӯз дар гӯшҳо садо медиҳад. Шодиовар аст, ки артистони мо сари вақт ба худ омадаву аз майдони сиёсат фирор карданд. Вагарна Худо медонад чӣ мешуду чӣ мемонд.

Вале Кикабидзе аз сиёсат дур нарафт. Артист, ки ҳаст, пеши артисти бузургтаре парвоз кард. Ба Киев. То аз Зеленскийи комик дархости озодии Саакашвилиро кунад. Мишка Саакашвилӣ 1 артисти дигар аст, ки куҷое пайдо шуд, инқилобу табаддулот бо худ меоварад. Ҳамин тариқ ӯ рӯи ура-патриотзми урён президенти Гурҷистон шуда, қариб ба пуррагӣ ин кишварро валангор намуд. 2 вилояти мухтори бузурги кишварашро дар 1 ҷанги 3 рӯза (08.08.08) бо 2 дасти адаб таслими Дмитрий Медведев-президенти вақти ФР кард.

Дар Гурҷистон ба ӯ чанд делои ҷиноятӣ кушодаанд. Минҷумла бо иттиҳоми қатли генпрокурори республика. Гурехт. Полша рафт. Аз Лаҳистон вориди Украина шуд. Табаддулот шуруъ гардид. Ҳокими Одесса-модаршаҳри Украина шуд. Ҳарчанд ин статусро надошт. Вале чун сенарияи филм дар берун тарҳрезӣ шуда буд, оҷилан гражданини Украина гашт. 1-ум гурҷие шуд, ки Одессаро таки по кашид. Дар Одесса қатлу куштори русҳо расман ба вуқуъ пайваст, ки дар Ғарб касе ин моҷароро надид.

Баъдан аз Украина ронда шуд. Полша рафт. Ва чанде пеш пинҳонӣ Гурҷистон омад, то табаддулоти давлатӣ кунад. Нашуд. Ҳизби ҳоким дар интихоботи парлумонӣ пирӯз омад ва Мишкаро 7 сол зиндон карданд.

Акнун моҳи 2 аст, ки гуруснанишинӣ дорад. Мехоҳад оппозитсия ба майдон резаду кудето кунад.

Вахтанг Кикабидзе ба телеканали Дмитрий Гордон (Соловёви Киев) интервю дода, бонги изтироб зад, ки мехоҳанд Мишаро дар зиндон кушанд- есть ощущение, что власти Грузии хотят, чтобы политик «не вышел живым» из мест заключения...-гуфт ба урусӣ Вахтанги гурҷӣ ба Гордони хохол…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter