Даврони Айниддин, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Восеъ ба идораи газета занг зада (тел: 83222 20400), ёди нек аз омӯзгор ва касби омӯзгорӣ намуда, кулли муаллимони кишварро бо Рӯзи омӯзгор табрик намуд.
- Мусаллам аст, ки рисолати бузурги омӯзгориро соҳиб гаштан аз сухтану сохтанҳо сарманшаъ мегирад. Устоди зиндаёдам, Ҳакимова Бибиазизаро ҳамеша ба некӣ ёд мекунам, ки дар таҳкими донишу маҳорати мо шогирдон нақши боризи хешро ба ёдгор гузоштанд. Чигуна ин модари дилсӯзу дардошно ва устоди сахтгиру тавоноро ёд накунам!? Ба шогирдони дабистони деҳаи «Кафтархона» аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегуфтанд, инчунин бо хоҳиши маъмурияти муассиса дар синфҳои ибтидоӣ низ сабақомӯз буданд. Муаллима Ҳакимова Бибиазиза ҳам ҳусни хатти зебо доштанду ҳам донишу малакаи баланди математикӣ ва нутқи буррои донишандӯзӣ. Худро хушбахт меҳисобам, ки бо муаллимаи азизу ҳамсари меҳрубонашон устод Маҳмадулло Маризоев солҳои зиёд кору фаъолият намуда, аз таҷрибаи бузурги омӯзгориашон баҳра бардоштаам. Мо шогирдон 1 умр худро дар назди рӯҳи поки муаллима қарздор мешуморем. Рӯзи омӯзгор ба кулли Тоҷикони олам муборак!