ХАБАРИ ДОҒ

 Тошмаҳамад Сафаров,  муаллиф ва хонандаи ҳамешагии мо аз ноҳияи Хуросон ба идора занг зада (тел: 98 909 84 07), пешниҳод намуд, ки ба мактабҳо номи шахсиятҳои шинохта ва қаҳрамонҳои меҳнатро бояд гузошт.

   - Мактаб ҳамеша мактаб буду солҳои охир номи онро ба муассиса иваз намуданд, ки чандон дуруст нест. Ҳатто шайх Саъдии Шерозӣ дар замони худ макони илму донишро мактаб мегуфту чаро мо акнун бояд муассиса гуем?

Дигар ин, ки пешниҳод дорам ба тамоми мактабҳои кишвар номи шахсиятҳои шинохтаи диёр, қаҳрамонҳои ҷангу меҳнат ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ гузошта шавад. Мактаб ба ҷуз рақам бояд ба номи шахсияте бошад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter