ХАБАРИ ДОҒ

Танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ

  • Чоршанбе, Янв 16 2019


Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе-Чанок кушода аст. Лозим ба ёдоварист, ки танҳо ба хотири ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, бо дарназардошти вазъият барои муҳлати кутоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “Фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад. Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем. Аз сӯи дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо  боришот  шадид аст, сафарбар шаванд.
Чанде пеш дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қарори Ҳукумати ҶТ №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018- 2019» ва талаботи банди 33 моддаи 3- юми Шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» ба тасвиб расид.
Тибқи талаботи он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»-и н.Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»-и н.Айнӣ (км 95) ва аз км 136 н.Айнӣ то км 181 н.Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш…) муҷаҳҳазанд, иҷозат дода мешавад.
Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ-аз мавзеъи «Ҳушерӣ»-и н.Варзоб то деҳаи «Такфон»- и н.Айнӣ ва аз мавзеъи «Ҳушёрӣ»-и н.Айнӣ то мавзеъи «Охтанги»-и н.Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт - рӯзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд. Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Сардорони РБДА ВКД ҶТ, РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар н.Варзоб тибқи ин фармоиш муваззафанд, ки дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои муваққатиро ташкил намуда, қувва ва воситаҳои заруриро аз ҳисоби кормандони БДА ва дигар хадамоти милитсия сафарбар намоянд. Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин дидбонгоҳҳо ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз он ҷумла ба лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш...) муҷаҳҳаз будани онҳо назорати ҷиддӣ мешавад.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter