Принт

Зинда бо ёди Ватан (Ё худ саргузашти 1 кӯлобие, ки амрикоӣ шуд)

Бо гузашти чанд сол ӯ бори аввал ба хобам даромад. Ҳамон хеле, ки дида будамаш – нуронӣ, солхӯрда ва бо чеҳраи бозу асили тоҷикона... Намедонам, ҳоло ӯро зинда гӯям ё... Чунки чанд сол аст, аз ӯ хабаре надорам. Аз ин рӯ, ӯро зинда ёдовар мешавам.

Дар бораи ӯ аз ӯзбекҳои мӯйсафеди муқими Амрико шунида будам. Шумораи телефони ӯро ҳам аз онҳо пайдо карда, чандин маротиба телефонӣ сӯҳбат кардам. Аз шунидани садои ман ӯ ба ваҷд меомад, овозаш меларзид, шод мешуд, зеро таи чанд соли ҷудоӣ аз меҳан, касе бо вай бо забони модариаш сӯҳбат накарда буд. Ҳамеша ӯ маро ба хонааш- меҳмонӣ  даъват мекард. Вале ҳеҷ вақт намешуд, ба суроғаш биравам, билохира рӯзе онро пазируфтам ва аз баҳри кору борам баромада, ба дидораш роҳ пеш гирифтам, ки тирамоҳи соли 1997 буд. Баъди тай намудани тахмин 400 километр ба шаҳри Ютика расидам…

Сари кӯчае марди синаш тахминан аз 70 сола каме зиёдтар, маро интизор буду ҳар мошини наздикаш омадаро бо диққат назар мекард. Ҳарчанд ӯро боре ҳам надида будам, вале аз чеҳраи асили тоҷиконааш зуд шинохтамаш.  Мо бо табассум сӯи якдигар ҳаракат карда, чун расми аҷдодамон ҳамдигарро ба оғуш гирифта, салому аллейк ва аҳволпурсӣ намудем. Ӯро ҳаяҷон фаро гирифта буд, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд... Дар равиши гуфтугӯ гаштаву баргашта аз ман мепурсид, ки «маро мефаҳмӣ?». Чунки ба қавли худаш тайи солҳои дурӣ бо кам касон тоҷикона сӯҳбат намудаасту қариб забонро фаромӯш кардааст. Ман ӯро хуб мефаҳмидам, гоҳ-гоҳ ҳаяҷонзада мешуд ва баъзан калимаҳои англисро истифода мекард... Аз ӯ пурсидам, ки «кадом шамол вайро ба ин сӯи уқёнус овард?». Ӯ оҳи чуқур кашиду  қиссаи худро кард... 

Фирори нобарор

... Исми ӯ Абдулваҳҳоб аст, аммо баъзан Абдул ҳам мегӯяндаш ва зодаи Кӯлоби бостонӣ буда, 52 сол (то соли 1997) инҷониб дур аз зодгоҳаш дар Амрико  зиндагӣ мекард. Солҳои бистуми асри гузашта падарашро НКВД бурду дигар ӯ барнагашт. Дар хонаи касе зиндагӣ мекард, ки то ҳол намедонад, ӯ барояшон кӣ мешуд. Аммо дар хотираш ҳаст, ки он шахс зиндагии хуб дошту соҳиби ду зан буд. Рӯзе он мард ба хона омада мефармояд, ки чизу чораро ҷамъ бикунанд, фардо шаб ба Афғонистон мераванд. Дар ҳақиқат, шаби оянда роҳи кишвари ҳамсояро пеш гирифтанд ва қабл аз убури марз дар яке аз деҳаҳои наздисарҳадӣ хонаи кадом хешашон таваққуф намуданд. Он мард модару бародари ӯ ва як зани худро ҳамроҳ гирифта гуфтааст: «Аввал ман рафта дар онҷо ҷой тайёр мекунаму баъд омада шуморо ҳам мебарам, ман зуд бар мегардам». Онҳо марзро убур карданд. Абдулваҳҳоби кӯчак ҳамроҳи ҳамсари дуюму бачаҳои дигари ӯ онҷо мунтазир шуданд, аммо аз он мард дигар дарак нашуд. Пас се моҳ шахсе аз он тараф баргашта хабар овард, ки баъди як ҳафтаи аз марз гузаштан он мард мариз шуду фавтид.

Абдулваҳҳоби бекасу кӯй дари хонаи мардум, дар чойхонаву бозору мағозаҳо мардикорӣ карда, зиндагӣ мекард. Ҳамон вақт дар шаҳри Кӯлоб муассисаи «Тоҷикселпром» будааст, ки ӯро ба кор гирифтанд. Дар чойхонае вай чойнику пиёлаи истифодабурдаи рӯи мизоҳоро ҷамъ менамуд. Маъоши якумро ҳам гирифту бори аввал барои худ сару либос харид. Ҳамин хел рӯзҳояш сипарӣ мешуданд. Гоҳ гоҳе дар хонаҳои мардум мардикорӣ мекард. Рӯзе вайро дар чойхона марди русе назди худ хонда гуфт:

- Ҳамин хел барои ҳама мардикорӣ карда мегардӣ? Биё, ман туро ба аскарӣ мефиристам,  онҷо зиндагиро ёд мегирӣ, соҳиби ягон касбу кор мешавӣ, савод меомӯзӣ.

Тоҷики «Власовчӣ»

Абдулваҳҳоб розӣ шуд. Баъди чанд вақте ба суроғааш даъватнома омаду ӯро ба аскарӣ бурданд. Ин соли 1937 буд. Чанд муддат дар шаҳри Донетск машғулиятҳои низомӣ омӯхт. Ҷанг бо Финландия сар шуд ва ӯро ба ҷанг  фиристонданд. Баъди хатми ҷанг бо Финладия қисми онҳоро ба Бессарабия бурданд. Дар ҳамин вақт Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд ва боз ӯро ба набард фиристонданд. Ӯ дар ҳайати артиши генерал Власов меҷангид. Артиши онҳо дар муҳосира афтод, фармондеҳашон фармуд, сарбозон силоҳи худро ба замин гузошта таслим шаванд. Ва ӯ асир шуд. Азбаски захмӣ буд, ӯро барои муолиҷа ба госпитале, ки дохили лагери асирон буд хобонда муолиҷа намуданд. 

Баъди чанде лагери онҳо аз тарафи артиши иттифоқчиён озод карда шуд. Ҷанг ҳам ба охир расид. Ҳама асирон ба ҳар тараф барои идомаи зиндагии худ рафтанд. Овозае буд, ки аскарони сурхи асир агар ба ватанашон баргарданд, ба ҷазои сахте дучор хоҳанд шуд. Ин буд, ки Абдулваҳҳоб ва чанд тоҷики дигар ҳаросида, онҷо монданд. Даҳ сол ӯ дар лагери асирони озодшуда зиндагӣ кард. Тайи ин муддат бо як зани олмонӣ, ки зодаи Австрия буд, ошно шуда, хонадор гардиданд. 

Дар лагер як коммисиюне фаъолият мекард, ки асиронро мувофиқи хоҳиши худашон ба дигар кишварҳои дунё барои зиндагии минбаъда мефиристоданд. Ӯ сокини шаҳри Ню Йорки ИМА шуд.

Ҳамшаҳриҳои худро пайдо кард. 4 нафар шуданд. Худи ӯ, Исмоили бухороӣ, Аҳлиддини  ғармӣ ва Почо аз Истаравшан, ки ҳама тоҷик буданд. Баъдан боз чанд тоҷики дигар низ пайдо шуда, шумораашон 12 нафа расид. Аз будани якдигар  қуввату тавоноӣ пайдо намуданд. Акнун ба хонаи ҳамдигар рафтуомад мекардагӣ шуданд. Дар ғаму шодӣ мунису ғамхори ҳам буданд. Оиладор шуда соҳиби фарзанду набера гашта, баъзеашон қудо ҳам гардиданд. Абдулваҳҳоб соҳиби ду писар гашт. Тайи чанд сол аз ҳолу аҳволашон касе хабар надошт. Онҳо ҳам дар бораи Тоҷикистон чизе намедонистанд. Акнун ба тақдири худ тан дода буданд. Роҳи бозгашт ба Шуравӣ барояшон баста буд. Аммо ҳамеша дар ёди Ватан буданду  дар орзуи дидани он месӯхтанд...  Дар ҳама кор аз Аҳлиддин, ки байнашон шахси қадбаланду  тану туши паҳлавонӣ дошт, маслиҳат мепурсиданд. Миёнашон маслиҳату васияте буд, ки агар ба касе муяссар гардаду ба Тоҷикистон равад, ҳатман аз хоки Ватан ҳамроҳи худ биёрад ва рӯи қабри гузаштаҳо пошад. Бо мурури замон, бо калону соҳиби кору маълумот шудани фарзандонашон ҳама ба ҳар тарафи Амрико кӯчиданд.

Насими Тоҷикистон

...Рӯзе дар масҷид ба дасти Абдулваҳҳоб маҷалае расид, ки рӯи саҳафоти он акси манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва мардуми он таҷассум ёфта буд. Абдулваҳҳоб мисли кӯдаки ба дасташ шириние афтода, шодикунон онро зуд нусхабардорӣ карда, ба ҳамсояву дӯстонаш нишон медод ва бо ифтихор «ин расми сарзамини ману мардуми ман аст», мегуфт ва қиссаҳо аз диёраш мекард. Ин «бозёфт» дар дили ӯ алангаи дидори зодгоҳашро барангехт. Хушбахтона, баъди эълони «бозсозӣ»-и Горбачёв, Абдулваҳҳоб аз тариқи Салиби Сурх хешу ақрабои худро пайдо кард, аммо мутаасифона касе аз ҳамроҳонаш он вақт зинда намонда буд. Дидори дигарбораи Ватан, табиату мардуми он танҳо ба ӯ насиб гардид. 

Ба ватан, ба Тоҷикистон

Нимаи дуюми солҳои 80-и асри гузашта, Абдулваҳҳоб бо тушае роҳ ба сӯи сарзамини аҷдодияш гирифт. Рӯзи дуюми сафар тайёра субҳи барвақт ба майдони ҳавоии Душанбешаҳр расид. Ба зону нишаста, замини муқаддаси диёрашро саҷда карда, онро се дафъа бӯсид ва баъдан се дафъаи дигар бо кафи дастонаш заминро палмосида, ба дидагонаш молида, роҳ сӯи шаҳри Кӯлоб гирифт. Таи ду моҳ онҷо монд. Аз ҷойҳои бачагиаш гузашта дидан кард. Ба талу теппаҳои атрофии шаҳр баромада манзараҳои гирду атрофии онро бо завқ тамошо мекард. Шаҳр тамоман дигар шуда буд, ободии зиёдеро дид. Кӯчаву хонаҳои ҳозиразамон, мардуми хушбахт. Аммо табдили иқлим ба ӯ нафорид,  ки тез - тез бемор мешуд. Илова бар ин маризии завҷааш ӯро ба ташвиш меовард. Ин буд, ки боз ба Амрико баргашт. 

Дар бозгашт васияти дӯстонашро фаромуш накарда, як каф хок ҳамроҳ гирифт. Тибқи васияти ҳамватанонаш аввал ба зиёрати оромгоҳи онҳо рафт ва миқдоре аз он хокро рӯи қабрашон  пошид. Бигзор онҳо худро дар хоки Ватан ҳис бикунанд...Қисми дигари онро дар рӯймолчае баста дохили ҷевонаш нигоҳ медошт, ки ба ман ҳам онро нишон дод.

Ватан надорӣ-ҳеҷ касӣ!!!

Ман аз ӯ пурсидам, ки таи зиёда аз 50 соле, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, онро чӣ гуна дарёфтааст? Меарзад, ки ман ҳам мисли ӯ инҷо монам?  Ӯ чизе гуфт, ки то ҳол он дар хотирам мондаасту ба зиндагии ояндаи ман таъсир кард. Вай гуфт:

- Додарам, Амрико мамлакати хуб аст, аммо на барои ману ту. Агар ҳаминҷо таваллуд шуда ба воя мерасидем, он гоҳ таҳҷоӣ шуда, вориди ҷомеаи он мешудем. Писару набера ва абераҳои мо амрикоӣ мешаванд, вале барои ману ту, ки нону оби Тоҷикистон калонамон кардааст, ин мушкил аст. Ман ку аз ин мушкилот қариб гузаштам. Зиёда аз 50 сол мешавад, аз Тоҷикистон дурам, ба тақдирам кайҳо тан додам. Аммо ту мактабатро тамом бикуну баргард, донишу таҷрибаи инҷо омӯхтаи худро барои ободии ватанат сарф намо. Ба гуфти худат, Тоҷикистон ҳоло шукр тинҷу мустақил ҳаст... Амрико кишвари бой аст, пули бисёр дорад, аммо он дар кӯчаҳо рехтагӣ нест. Ҳама пули ин мамлакатро  ҷамъ карда наметавонӣ, агар ҷамъаш ҳам кардӣ, Ватан ки надорӣ-ҳеҷ кас нестӣ. Муҳите, ки ту ба воя расидаӣ, он муносибати байниҳамдигарии тоҷикона, он дӯстиву рафоқат, он хешутаборӣ, он рафту омадро ту инҷо пайдо карда наметавонӣ. Пириат шояд дар хонаи пиронсолон гузарад, ки дар ин ҷо як чизи маъмулист, агарчи фарзандони зинда дорӣ. Ҷанги сабил сар шуду моро аз хонаву дар дур партофт. Чӣ мушкилоте аз сари мо нагузашт.  Ғариби дарбадар шудем, ки ин ҳасрата мисли дигар амраҳом ба гӯр мебарум...

…Аз он рӯз 16 сол сипарӣ шуд, ки ман дар Тоҷикистонаму аз пешравиаш меболам. Вале дигар аз акаи Абдулваҳҳоб хату хабаре надорам. Шумораи телефонашро ҳам гум кардам. Намедонам ӯ куҷосту дар чӣ ҳол аст? Кош, зинда бошад...

 

Нуралӣ Шоҳиён

Махсус барои СССР

 

Матлабҳои дигар