ХАБАРИ ДОҒ

Гулистон: Чанд нафар авфшуда бо кор таъмин шуданд?

  • Ҷумъа, Фев 21 2020

Аз МИҲД шаҳри Гулистон гуфтанд, ки то ҳол ҳамагӣ  12 нафар сокинони авфшудаи шаҳр бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар ин бора раиси ш.Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки таъминоти ин сокинон бо ҷойи кор  бо дарназардошти касбу ҳунар ва ҷойи охирини кории онҳо сурат гирифтааст. Мақомоти маҳалли шаҳр мегӯянд руйхати умумии авфшудагонро аз ниҳодҳои дахлдор гирифтаанд ва сари масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани ин афрод чораҷӯӣ карда истодаанд. 

- Дар қайди мақомоти маҳаллӣ 38 нафар шаҳрвандони авфшуда қарор доранд. Барои 22 нафар кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин шудааст, - гуфт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ш. Гулистон Гулсинат Афзалова. 

Бар пояи иттилои муовини якуми прокурори  Суғд Изатулло Муҳаммадӣ дар вилоят авф нисбати  6 288 нафар татбиқ шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Қонуни “Дар бораи авф” 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид ва бино ба маълумот мақомоти кишвар нисбати 20 ҳазор нафар авф татбиқ гардид. Зимнан, мақомоти дахлдори кишвар  дар мӯҳлати 2 моҳ қонуни мазкурро пурра татбиқ намуд. Дар ҳоле ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бар асоси ин қонун аз маҳбасҳо озод шудаанд, масъалаи таъмини ин афрод бо ҷои кор ҳамоно муҳим арзёбӣ мешавад.

Ҷомеашиносон иддао доранд, бо дарназардошти таърихи доғи судӣ барои озодшудагон дарёфти ҷойи корӣ чандон саҳл нест. Аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни авфшудагон, андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати таъмини онҳо бо ҷои кор масъала бисёр муҳим аст. Зеро гуфта мешавад, ки ба ғояти бекорӣ ва нодорӣ эҳтимол аст, бархеи онҳо даст ба ҷинояти такрорӣ зананд.

 

Ҷаҳонгир Мирсалимов, махсус барои СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter