«Ҷилваи ҳусн», чунин ном дошт Феситивали либосҳои миллӣ, ки ҳафтаи гузашта дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд. Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар даври навбатии чорабинии мазкур беҳтарин тарроҳони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастовардҳои ҳунарии худро ба маъраз гузоштанд.
Лутфуллои Давлат, директори Театри давлатӣ – академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тамоми ҳунармандон ва кормандони театри давлатӣ – академии рус ба номи Владимир Маяковскийро ба театри Лоҳутӣ даъват намуда барои онҳо даромадгоҳи ҷудогона ва толор барои машқҳои алоҳида ҳам пешбинӣ кардааст.
Аз Душанбе то Роғун бо автомобил 50-55 дақиқа. Аз Душанбе тавассути Ховалинг ба Сари Хосор 2 – 2,5-рӯза роҳ аст. Тавассути Данғара – Кангурт – Балҷувон низ ҳамин қадар. Аммо аз Роғун то Сари Хосор, то Оби Гугирд пиёда тавассути ағбаҳои касмагузар 3-4 соат роҳ аст. Агар аз Роғун то Сари Хосор роҳи автомобилгард мекушоданд, чӣ қадар роҳ наздик мешуд. Бале, дуруст, 1,5 рӯзи Шумо сарфа мешавад. Яъне, аз Душанбе мехезеду дар 3 – 4 соат ё камтар дар Сари Хосор мешавед! Иншоаллоҳ ва мошоаллоҳ!
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло бори нахуст дар давраи истиқлолият дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо тариқи озмуни кушод ансабли рақсии духтарона ва бачагона ташкил карда шуд.
Шаҳрдории пойтахт бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеис сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, 1 қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатиро барои сокинони шаҳри Душанбе омода намудааст.