ХАБАРИ ДОҒ

Ришва ҷомеаро чун зарпечак печонидааст. Маоши нокифоя ва пеш аз ҳама болоравии пайвастаи нарху наво мардуми қаториву камбизоатро рӯҳафтода мекунад. Мусалмонӣ асосан арзон кардани маҳсулот барои мусалмон аст. Мутаасифона, дар омад-омади моҳи шарифи Рамазон мардум дар ғаму ташвишу таҳлука  меафтанд, зеро ки нарху навои бе ин ҳам гарон боз ҳам гаронтар мешавад. Ин ба мансабдорон ҳеҷ рабте надорад. Онҳо ба ҳар роҳу восита зиндагиашонро меёбанд. Дар болоравии нархи гӯшт мардумро зарур аст, ки ба машқҳои йогӣ машғул шаванд, зеро илми йога хурдани гӯштро намепазирад.

Чандин сол аст, ки калимаи «Арзон» аз мӯд баромадааст. Аз ин рӯ, таклиф мекунам, минбаъд маошу нафақаро баланд набардошта, агар имкон бошад нарху наворо ба танзим дароварда, дар 1 сатҳи муайян «сварка» кунанд, чунки маошро чӣ қадар баланд бардоранд, нархро савдогарон боз ҳам баландтар мебаранд. 

Ба назар чунин мерасад, ки ягон масъул аз ӯҳдаи танзими нарх намебарояд ва ё аз ин баландшавиҳои нарх касе манфиатдор аст? Набояд мардумро ба воситаи қимматкуниҳо дилсард карда, дар рӯҳияи песимистӣ қарор дод.

Таваралӣ Авсақолов,

н.Фархор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter