ХАБАРИ ДОҒ

Деваштич: қирғиз чорворо «конфискатсия» мекунад

  • Чоршанбе, Май 05 2021

Маннон Махсумов, хонандаи доимии мо аз ш.Истаравшан (тел: 98 809 71 94) занг зада, гуфт, ки аз вазъ дар марзи н.Деваштич бо ҷумҳурии ҳамсоя-Қирғизистон нигарон аст.

   - 1 омӯзгори ғончигӣ аз деҳаи Мурияки Ҷамоати деҳоти Ростровут, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, гуфт, ки ин мардуми қирғиз хеле дағал шудаанд. Сарбозони онҳо заминҳои деҳаи Мурияк-Офтобрӯяро худсарона ғасб карда, намегузоранд, ки мардум ба оби дарёи Саркат наздик шаванд. Пештар мардуми ин ва дигар деҳаҳо дар дарёи Саркат моҳидорӣ мекарданд, ҳоло бошад аз тарси тиркушоӣ касе ба дарё наздик намешаваду чорвои худро низ дар ин мавзеъ намечаронад. Сарбозони қирғиз илова бар ин чорвои он тарафи дарё гузаштаро барнамегардонанд. Аҷоибаш дар он, ки дар сарҳади байни 2 давлат қисми ҳарбии сарҳадии Қирғизистон қарор дораду қисми ҳарбии мо дарунтар дар деҳа аст. Ин аст, ки ҳарчӣ мегузарад, дар ҷояш «конфискатсия» мешавад. Худамонро дар хонаамон медузданд!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter