ХАБАРИ ДОҒ

 Пас аз шунидани мавъизаи муллои чалласаводи нимахондае дар ҷанозаи Домуллои Тоҷикободӣ, ба чанд хулоса омадаму онро ба муфтиёт ва Кумитаи дин пешкаш мекунам:

1.Мавъизаи муллоҳо баррасӣ ва конспект шуда, сипас ба омма шунавонида шаванд. Чаро муаллим барои 30 кас дарс мегуяду бояд маърузаашро конспект кунад, вале муллое, ки барои 10-12 ҳазор нафар мавъиза мекунад, конспект надошта бошад? 

2.Ҷанозаи Шахсиятҳои мазҳабӣ ва давлатиро БОЯД танҳо муфтии кишвар хонад ва мавъиза кунад.

3.Сархатибони ноҳияҳо ротатсия шаванд! Бигзор муллоҳо аз Ашт ба Фархор, аз Ҷиргатол ба Рашт ва аз Шуғнон ба Рӯшон раванд. 5 сол кор кард-тамом! Зеро домуллое, ки 20-30 сол дар 1 масҷид хатибӣ мекунад, эрка мешавад, муридонаш «мавлавияш» месозанд. Чаро раиси ноҳия ротатсия мешаваду имом не?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter