ХАБАРИ ДОҒ

Қубодиён: Камбудиҳои мактаб бартараф шуданд

  • Чоршанбе, Апр 28 2021

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Қубодиён иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Қубодиён: мактаб на барқ дораду на тиреза», ки дар ҳафтаномаи СССР аз 29.10.2020 №42 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади баррасии мушкилиҳои ҷойдошта дар муассисаи таълимии №43-и ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, муҳтавои мақолаи мазкур дар маҳал ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки вобаста ба масъалаи шишабандӣ намудани тирезаҳои муассисаи таълимии №43 ва таъмини муассиса бо хати барқ аз ҷониби масъулин тадбирҳои дахлдор андешида шуда, мушкилоту камбудиҳои дар мақола дарҷгардида, пурра бартараф карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Қубодиён фаъолияти шахсони масъулро дар самти таълиму тарбияи босифати хонандагони муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Б. Садриддинзода, раиси н.Қубодиён 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter