ХАБАРИ ДОҒ

Маҷбур нестем 12 ихтисосро қабул намоем

  • Чоршанбе, Сен 02 2020

 Касбро дуруст интихоб намоед, то  ба  ҷойи дигар наафтед.  Яке аз афзалиятҳои ММТ ин ба довталабон додани имконияти васеъ барои интихоби ихтисосҳо мебошад. Ин аз як ҷиҳат хуб аст. Аммо аз ҷиҳати дигар не. Аз сабаби нодуруст интихоб намудани ихтисосҳо мешавад ҳолате, ки тасодуфи довталаб ба дигар ихтисос меафтад. Дигар на майли хондан мемонаду на кӯшиши дарс рафтан ва ҳамин тавр ҳаёти 4 солаи ӯ барбод меравад... 

Ин имконияти додаи ММТ-ро мо бояд дуруст фаҳмем ва ихтисосҳои ба ҳам алоқамандро, ки худи мо онҳоро мехоҳем интихоб намоем. Ва инро низ ба инобат бояд гирифт, ки мо маҷбур нестем, ки 12 ихтисос интихоб намоем. Метавонем танҳо ихтисосҳои мехостаамонро интихоб кунем. Дар интихоби касб саҳлангорӣ накунед, чунки ояндаатон ба интихобатон вобастааст.

Заррина Шафиева, донушҷӯи ДМТ, ш. Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter