Принт

Шарофиддин Гадоевро ба додгоҳ кашиданд!

 

Шарофиддин Гадоев, гӯё мубориз ва миллатдӯст, аммо дар асл 1 туҳматчиву дасисабоз, бори дигар худашро нишон дод. Ин дафъа ӯ Фирдавс Наимов, роҳбари ширкати «Русмостранс»-ро, ки ба интиқоли борҳои гуногун дар Русия ва давлатҳои ИДМ машғул аст, тӯҳмат зад...

Дар видеое, ки ӯ сабт ва пахш кардааст, гӯиё мошинҳои ширкати «Русмостранс» аз Тоҷикистон ба Русия маводи мухаддира интиқол медиҳанд. Гӯиё чунон нуфузи Фирдавс Наимов баланд аст, ки  дар Русия бо рақамҳои сурхе, ки танҳо ба сафирон иҷозат аст, мегардад. Вақте ин тӯҳматро Фирдавс Наимов тариқи Ютуб тамошо мекунад, ба Шарофиддин Гадоев номаи эътирозӣ мефиристад, то ин тӯҳмати беасосро аз шабакаҳои Фейсбук ва Ютуб бигираду барои носанҷида ва надоштани фактҳои аниқаш бахшиш пурсад.

Хомӯшии Шарофак аз таҳқираш

Шарофиддин Гадоев ба мактуби Фирдавс Наимов, ки ба саҳифаи фейсбукиаш равон карда буд, ҷавоб намедиҳад. Ҳамин хел аз байн 17 рӯз мегузарад ва мактуб ва дархосташ беҷавоб мемонад. Хислатҳои хуби инсониро риоя намуда, Фирдавс Наимов ба Шарофиддин Гадоев мефаҳмонад, ки ин тӯҳмати шумо ягон асосе надорад ва ҷиноят ҳисоб мешавад. Аммо ба кӣ мегӯӣ!

Наимов вақте мебинад, ки Шарофиддин Гадоев на ҷавоб медиҳаду на бахшиш мепурсад, ҳамчун инсони пок ва эҳтиромкунандаи қонун, барои ҳифзи номи неки худ ва ширкаташ аз ҳама ҷойҳои лозима маводи даркориро ҷамъоварӣ намуда, Шарофиддин Гадоевро ба суд медиҳад. Зеро номи неку имиҷи ширкаташро бояд ҳифз кунад.

Шарофиддинро ба суди ГААГА доданд!!!

Ба беақливу ноодамии Шарофиддин Гадоев тан медиҳад ва хулоса мебарорад, ки ӯро бояд муҷозот кунанд ва то суди одилтарини ҷаҳон ГААГА бикашад. Зеро ин калтаи фитна бояд донад, ки паст задани обрӯву имиҷи ҳамватанони муваффақаш бе посух намемонад!

Ин рафтори мардонаи Фирдавс ба ман бениҳоят маъқул шуд ва ба дастгириаш камар бастам. Акнун Шарофиддин Гадоев натанҳо бахшиш мепурсад, инчунин дар судҳои Россия, Европа, Тоҷикистон ва ГААГА ҷавоб мегӯяд. Инчунин товони зарареро, ки ба чоруним миллион рубли русӣ баробар аст, пардохт хоҳад кард.  Дар муроҷиати фейсбукии худ Фирдавс Наимов чунин меорад, ки «агар мо ба чунин кори паст сарукор медоштем ин қадар постҳои гумрукиву БДА ва сохторҳои мақомоти қудратӣ сар аз Тоҷикистон то Федератсияи Руссия бехабар мемонд?

Шарофиддин Гадоев фикр ҳам накардааст, ки тӯҳмате, ки ба мо кардааст, обурӯи БДА, хадамоти гумрук, роҳи оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Россияро низ рехтааст!»

Агар онҳо ҳам Шарофиддин Гадоевро ба суд диҳанд Гадоев гадои ҳақиқӣ хоҳад шуд. Туҳмат ҳам бо эбаш ба гуфтаи бузургон.

Ё мард бош ё дамата гир!!!

Блогери машҳури тоҷик Ҳабибулло Қурбонов дар шабакаи шахсии Ютубиаш «Голос мигранта» ба Шарофиддин Гадоев навори эътирозӣ дорад, ки сарлавҳааш «Ё мард бош ё дамата гир» мебошад. Ҳабибулло 1 чизро сарфаҳм нарафтааст, ки дар вуҷуди Шарофиддин Гадоев мардӣ тамоман нест ва туҳматро ба ҳар касе хоҳад хоҳад раво мебинад. Ӯ мард намешавад чунки мисли занҳои кучагӣ беасос тӯҳмат мекунад-хулоса кардааст блогери тоҷик.

Ҳабибулло Қурбонов дар бораи кӣ будани Фирдавс Наимов бисёр хуб ва диданӣ навор кардааст ва шахсияти ин инсони комилро ба халқ фаҳмондааст. Бо 2 саволи худ ба  Шарофиддин Гадоев муроҷиат карда, ҷавобашро то ҳол нагирифтааст:

1. Оё бо чунин тӯҳматҳо, ки дар ҳаққи 1 инсони бегуноҳ мекунӣ ва 1 ҳамватанатро беасос паст мезанӣ, метавонӣ, ки ҳамфикр пайдо кунӣ ва чӣ хеле, ки худат мегӯӣ, миллатро сарҷамъ кунӣ?

2. Оё аз ҳисоби худат охирон маротиб кай хайр кардаӣ ва ба кӣ?

Шумо метавонед, хонандаи азиз, ба шабакаи Ютубии «Голос мигранта» даромада ин навори ҷолибро тамошо кунед.

Фирдавс Наимов кист?

Дар бораи Фиравс Наимов маълумот дар интернет кам аст ва мо ҳам аз он кас дар кадом ноҳия таваллуд шудан ва чи хел аз 1 муҳоҷири оддӣ ба сардори ширкати калон расиданашро напурсидем, зеро ҳоло вақти ин нест. Фақат мегӯем, ки ӯ аз Тоҷикистон аст ва бо меҳнати ҳалолу хайрхоҳиаш ном баровардааст.

Дар замони авҷи короновирус 4 миллион пули русӣ ба эҳтиёҷмандон кумаки хӯрока намуд. Бомулоҳиза, ботамкин, дурандеш, хоксор ва инсони комил буданашро аз рафтораш, ки ба Шарофиддин Гадоев кардааст, пай бурдан мумкин аст, зеро ба Шарофиддин Гадоев вақт дод, дашном накард, далел пурсид!!!

Ба коргаронаш низ гуфтааст, ки ягон кас ба унвони Шарофиддин Гадоев дашном ва бадбинӣ нафиристад ва нанависад. Худаш Шарофиддин Гадоевро барои он ба суд додааст, ки то номбурда ба дигарон тӯҳмат накунад ва аз роҳи хатояш баргардад.

Чуноне, ки дар саҳифаи фейсбукиаш меорад: 

-Ман ӯро барои он ба суд додам, ки ба дигарон дарси ибрат шавад. Мумкин аз дасти ин дасисабоз чандин одамон маҳбасӣ шуда бошанд. Агар ман танҳо худамро фикр мекардам, мегуфтам, ки бало ба пасаш, аз ҳасудӣ чунин кардааст, вале инсон бояд танҳо худашро фикр накунад. 

Ба ҷои Фирдавс Наимов дигар кас мебуд зуд ба Шарофиддин Гадоев пул пешниҳод мекард то наворашро бигирад, аммо ӯ, ки инсони тоза ва бовиҷдон аст ин корро накарда, ба дигарон низ маслиҳат медиҳад, ки бо чунин одамони пасти фитнаҷӯй, ба мисли Шарофиддин Гадоев&Co бояд то охир мубориза бурд то шумораи тӯҳматгарон кам шавад.

Шантажист ва дасисакор

Медонед дар саргаҳи ин тӯҳматнома чӣ меистад? Шарофиддин Гадоев мехост шантаж карда, Фирдавс Наимовро муттаҳам намояд ва соҳиби пули калон шуда, ӯро ба тарафи худ кашад, мисле, ки «падари маънавияш»-М. Кабирӣ бо чанд зани тоҷик кардааст.  Лек тири калтача хок хурд. Наимов далел пешниҳод, кард ва медонед чаро. Охир ӯ патриот аст! 

Шарофиддин Гадоев нафаҳмид, ки ин дафъа патриоти ватанро туҳмат мекунад ва патриотҳо аз туҳмат наметарсанд ва хуну пӯсту обу рӯяшонро танҳо худашон ҳимоя карда метавонанд.

Шарофиддин Гадоеви ватанфурӯш маънои калимаи патриотро намефаҳмад. Патриот он шахсеро мегӯянд, ки фикри солим ва нияти нек барои халқу миллату ватанаш дорад. Патриотро наметавонӣ бихарӣ, туҳмат кунӣ, шантаж созӣ, фиреб диҳӣ. Хатоии ту-Шарофак маҳз дар ҳамин буд, ки  ба патриот часпидӣ ва шарманда шудӣ. 

Патриотҳо ба ҳамаи пастию баландии зиндагӣ шукрона мекунанд ва дар муҳоҷират ҳам бошанд фикру зикрашон барои ободии Ватану миллат аст, зеро хизматҳои Ватанашонро фаромӯш намекунанд, пос медоранд, аз Ватан чизе намехоҳанд, ба Ватан медиҳанд, лек намегиранд. Афсӯс, ки ту-Шарофак ашёи  фурухташудаӣ ва маънои патриотро то мурданат намефаҳмӣ.

 

Дилшод Сафарзода, 

шаҳрванди ҶТ 

 

Матлабҳои дигар